Главная / Чамъият / Пули сирот

Пули сирот

Пули сирот

Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармудаанл, ки Худои Таъоло ба руи дузах пулро офарид ва он пули сирот аст. Бар болои дузах чои лагжидан ва афтодан. Хазорсола рох боло рафтану хазорсола poх поён ва хазорсола рох баробар рафтан аст. Он бориктар аз муву тезтар аз шамшеру сиёхтар аз шаб бошад.

Дар он пул савол карда мешавад аз он чи Худои таъоло амр кардааст бандаро. Аввал аз имон савол карда мешавад, пас чун имони банда саломат бошад, уро Худои таъоло начот дихад. Агар имонаш саломат набошаду кофир бошад, дар дузах нагунсон афтад.

Дуюм, хисоб карда шавад аз намозу сеюм аз закону чахорум аз руза ва панчум аз хач ва шашум аз тахорату гусли чанобат ва хафтум аз неки кардан бар падару модар ва силаи рахм. Пас агар начот ёбад аз ин чизхо, ки зикр карда шуд. бигузарад аз пул ва растагор шавад ва агар чавоб дода натанонад, сарнагун афтад дар дузах.

Расул салаллоху алайхи ва саллам дар хар пуле фарёд мекунад, ки, эй Парвардигори ман, уммати, умматт,  яьне умматхои маро аз лагжидан нигох дор,

Пас савор шаванд махлукот дар пул, то он ки савор шаванд баъзе аз онхо дар пушти баъзеашон ва пул мечунбад хамчунон ки кишти дар дарё аз шамоли сахт мечунбад. Пас равон шаваду гузарад касе, ки начот ёфт.

Гурухи аввал монанди барк-чарогаки дурахшандан чашм хиракунанда бигузаранд. Яъне монанде, ки чарогак мезанад, хамон кадар тез пулро гузаранд.

Гурухи дуюм монанди бод тез раванд ва гурухи сеюм монанди мургони тезпар ва гурухи чахорум монанди аспи тездав бигузаранд. Гурухи панчум монанди пиёдаи тезгард бигузаранд ва гурухи шашум монанди пиёдаи сустрав бигузаранд ва гурухи хафтум монанди шутури тезрав бигузаранд. Гурухи хаштум монанди занони хомила бигузаранд ва гурухи нухум монанди шер охиста бигузаранд  ва гурухи дахум биистанд бар пули сирот ва натавонанд, ин ки бигузаранд.

Баъзе аз онхо микдори як шабонаруз ва баъзе ба микдори як  мох ва баъзеи дигар ба микдори як сол ё ду сол, ё се сол бигузаранд. Хамчунин гузаштан мегиранд ва охирин касе, ки бар сирот бигузарад, ба микдори бисту панч хазор сол бигзарад.

Ривоят шудааст, ки мардум мераванду мегузаранд бар сирот ва бошад оташи дузах аз зери кадамхои онхо ва болои сари онхо ва аз чониби чапи онхо ва аз пушти онхо ва аз пеши онхо.

Худои таъоло гуфтааст, ки пас бирахонем муттакиёнро ва бигузорем золимонро дар он чо ба зону дарафтода ва оташ бихурад рудахои онхоро ва пустхои онхоро ва амал кунад дар баданхои онхо ва гуштхои онхо, то он ки онхо монанди  ангишт сиёх гарданд.

Баъзе аз онхо касоне бошанд, ки натарсанд аз сирот аз чизе. Бидаванду бехарос бигузаранд ва нарасад ба онхо чизе аз оташ. Гуянд, ки пули сирот дар кучост?

Гуфта шавад ба онхо, ки шумо пули сиротро ба рахмати Худои таъоло бемашаккат гузаштаед. Ин гурух шахсонеанд, ки дар дунё ба гуфтахои Худо ва пайгамбар амал карда  бошавд ва аз гунохони худ тавбаву зори карда бошанд.

Дар хабар омадааст, ки ояд кавме ва биистанд бар сирот ва гуянд: – Мо аз оташ метарсем.

Ва он кавм ба гузаштан бар сирот далери накунанду бигирянд. Пас Чабраил (а) ояду гуяд: – Чи чиз манъ кард шуморо аз гузаштани сирот?

Онхо гуянд:  Мо аз оташ метарсем.

Пас Чабраил (а) гуяд:  Чун дар дунё дарё пеши руи шумо меомад, чи гуна аз он мегузаштед?

Гуянд, ки мо аз дарё бо кишти мегузаштем.

Пас фариштагон масчидхоеро, ки дар дунё намоз мегузоштанд ба сурати кишти оранд. Онхо бар он бинишинанду аз сирот бигузаранд. Пас гуянд фариштагон он кавмро, ки ин киштихо он масчидхои шумоянд, ки намоз мехондед дар он ба чамоат.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …