Оташи дӯзах

Оташи дӯзах

Расули акрам (с) Ҷабраил (а)-ро фармуданд, ки сифат кун барои мо оташи дӯзахро.

Гуфт: Худои таъоло офарид оташи дӯзахро. Афрӯхт онро ҳазор сол, то он ки сурх шуд. Пас аз он оташ афрӯхт ҳазор сол, то он ки сафед шуд. Пас аз он оташ афрӯхт ҳазор сол, то он ки сиёҳ шуд. Пас он оташ сиёҳ аст, монанди шаб торик, равшанӣ мар ӯро нест.

Шӯълаи он паст ва гармии он хунук намешавад. Ва бар ҷаҳаннам монанди гарданҳои шутурон морон ва каждумони сиёҳ аст, ки мегурезанд аҳли дӯзах ба сӯи дӯзах аз он морон ва каждумон. Пас бигиранд морону каждумон лабҳояшонро ва пӯст мекунанд аз мобайни мӯи cap то нохун. Раҳоӣ нашаванд дӯзахиён ба гурехтан ба сӯи оташ. Агар он морон ва каждумон кадом дӯзахиро газанд, сӯзи заҳри онро то чиҳил сол мекашад.

Оташи ин дунё як ҳисса аз ҳафтод ҳиссаи оташи дӯзах аст. Худои таъоло Ҷабраил (а)-ро ба сӯи молики дӯзах фиристод, барои он ки бигирад як ҷузъе аз оташ ва биёрад он оташро ба сӯи Одам (а), то бипазад ба он оташ таьом.

Пас Молик гуфт: – Эй Ҷабраил (а), чӣ миқдор аз оташ мехоҳӣ?

Ҷабраил (а) гуфт: – Ба миқдори як ангушт.

Молик гуфт:  Агар диҳам туро микдори як ангушт, ҳар ойина гудохта шавад ҳафт осмон ва ҳафт замин аз сабаби гармии вай.

Ҷабраил (а) гуфт: – Микдори ним ангушт.

Молик гуфт:  Агар диҳам туро миқдори ним ангушт, фурӯ наёяд аз осмон як қатра борон ва нарӯяд дар замин ҳеҷ сабза.

Пас аз он Ҷабраил (а) нидо кард, ки, эй бор Худоё, чӣ миқдор оташ гирам?

Худои таъоло фармуд, ки бигир миқдори як зарра аз он.

Пас гирифт Ҷабраил (а) миқдори як зарраро ва шуст онро дар хафтод дарё ҳафтод бор. Баъд аз он омад ба сӯи Одам (а) ва ниҳод он зарраи оташро бар кӯҳи баланд. Пас гудохт он кӯх ва боздшт он зарраи оташ ба макони худ. Ва боқӣ монд дуди вай дар сангҳо ва оҳан то имрӯз. Пас ин оташи дунё аз дуди он зарра аст.

Ибрат гиред, эй мӯъминон!

Пайғамбар (с) фармуданд, ки сабуктарини аҳли дӯзах аз рӯи азоб шахсест, ки вайро ду пойпӯш буд аз оташ. Ҷӯш хурад аз он мағзи сари вай монанди деге, ки ниҳода шавад бар оташ. Ҳар ойина вай сабуктарини аҳли нор аст ва онҳо фарёд мекунанд фариштаи дӯзахро, ки халос кун моро.

Фаришта ҷавоб надиҳад онҳоро тo чиҳил сол. Баъд аз он  ҷавоб диҳад онҳоро ва гӯяд: – Шумо дар ин ҷо ҳамеша меистед.  Пас аз он фарёд кунанд парвардигори худро ва гӯянд: – Эй парвардигори мо, барор моро аз ин оташ, ки дубора гуноҳ намекунем ва агар гуноҳ кардем, мо аз золимон бошем.

Онҳоро ба миқдори ду баробари умри дунё ҷавоб надиҳад. Баъд аз он ҷавоб диҳад ва гӯяд, ки хомӯш шавед ва сухан магӯед.

Овоз надоранд дар он ҷо магар як овоз, ки монанди овози хар аст. Агар овехта шавад ҷомае аз ҷомаҳои аҳли норро дар миёни осмону замин, ҳар ойина, бимиранд ҳама аз гармии он ва аз бадбӯии он ҷома. Агар гузошта шавад миқдори як газ аз занҷирҳои дӯзахро бар кӯҳе, ҳар ойина гудохта шавад кӯҳ ва бигузарад аз кӯҳ, то бирасад он қитъаи занҷир ба замини ҳафтум. Ҳезуми дӯзах мардуми бадкор аст ва сангҳои хоро.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …