Оташи дузах

Оташи дузах

Расули акрам (с) Чабраил (а)-ро фармуданд, ки сифат кун барои мо оташи дузахро.

Гуфт: Худои таъоло офарид оташи дузахро. Афрухт онро хазор сол, то он ки сурх шуд. Пас аз он оташ афрухт хазор сол, то он ки сафед шуд. Пас аз он оташ афрухт хазор сол, то он ки сиёх шуд. Пас он оташ сиёх аст, монанди шаб торик, равшани мар уро нест.

Шуълаи он паст ва гармии он хунук намешавад. Ва бар чаханнам монанди гарданхои шутурон морон ва каждумони сиёх аст, ки мегурезанд ахли дузах ба суи дузах аз он морон ва каждумон. Пас бигиранд морону каждумон лабхояшонро ва пуст мекунанд аз мобайни муи cap то нохун. Рахои нашаванд дузахиён ба гурехтан ба суи оташ. Агар он морон ва каждумон кадом дузахиро газанд, сузи захри онро то чихил сол мекашад.

Оташи ин дунё як хисса аз хафтод хиссаи оташи дузах аст. Худои таъоло Чабраил (а)-ро ба суи молики дузах фиристод, барои он ки бигирад як чузъе аз оташ ва биёрад он оташро ба суи Одам (а), то бипазад ба он оташ таьом.

Пас Молик гуфт: – Эй Чабраил (а), чи микдор аз оташ мехохи?

Чабраил (а) гуфт: – Ба микдори як ангушт.

Молик гуфт:  Агар дихам туро микдори як ангушт, хар ойина гудохта шавад хафт осмон ва хафт замин аз сабаби гармии вай.

Чабраил (а) гуфт: – Микдори ним ангушт.

Молик гуфт:  Агар дихам туро микдори ним ангушт, фуру наёяд аз осмон як катра борон ва наруяд дар замин хеч сабза.

Пас аз он Чабраил (а) нидо кард, ки, эй бор Худоё, чи микдор оташ гирам?

Худои таъоло фармуд, ки бигир микдори як зарра аз он.

Пас гирифт Чабраил (а) микдори як зарраро ва шуст онро дар хафтод дарё хафтод бор. Баъд аз он омад ба суи Одам (а) ва ниход он зарраи оташро бар кухи баланд. Пас гудохт он кух ва боздшт он зарраи оташ ба макони худ. Ва боки монд дуди вай дар сангхо ва охан то имруз. Пас ин оташи дунё аз дуди он зарра аст.

Ибрат гиред, эй муъминон!

Пайгамбар (с) фармуданд, ки сабуктарини ахли дузах аз руи азоб шахсест, ки вайро ду пойпуш буд аз оташ. Чуш хурад аз он магзи сари вай монанди деге, ки нихода шавад бар оташ. Хар ойина вай сабуктарини ахли нор аст ва онхо фарёд мекунанд фариштаи дузахро, ки халос кун моро.

Фаришта чавоб надихад онхоро тo чихил сол. Баъд аз он  чавоб дихад онхоро ва гуяд: – Шумо дар ин чо хамеша меистед.  Пас аз он фарёд кунанд парвардигори худро ва гуянд: – Эй парвардигори мо, барор моро аз ин оташ, ки дубора гунох намекунем ва агар гунох кардем, мо аз золимон бошем.

Онхоро ба микдори ду баробари умри дунё чавоб надихад. Баъд аз он чавоб дихад ва гуяд, ки хомуш шавед ва сухан магуед.

Овоз надоранд дар он чо магар як овоз, ки монанди овози хар аст. Агар овехта шавад чомае аз чомахои ахли норро дар миёни осмону замин, хар ойина, бимиранд хама аз гармии он ва аз бадбуии он чома. Агар гузошта шавад микдори як газ аз занчирхои дузахро бар кухе, хар ойина гудохта шавад кух ва бигузарад аз кух, то бирасад он китъаи занчир ба замини хафтум. Хезуми дузах мардуми бадкор аст ва сангхои хоро.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

44

Жанрхои содда. Тарихий жанр

Жанрхои содда. Хама гуна тасвир аз дигаре бо мундаричаи сужавии худ фаркият дорад. Хар як …