Главная / Гуногун / Ороиши хона

Ороиши хона

kravat-taj_000-660x330Ҳар кас мехоҳад ки хонаро ороиши зебо диҳаду аз дидани он худ ва дигаронро ба ҳайрат оварад. Хонаи ороишдода ба кас таъби болида медиҳад ва обруву руҳияи хубро ҳосил медиҳад. Оро додани хона ё ҳуҷра ва умуман манзили зист яке аз хоҳиши асосии инсон аст ва одамон кушиш ба харҷ медиҳанд, ки то андозае маблағи пулиро ба ин самт харҷ намоянду ба тараққиёти макони истиқоматиаашон ҳиссагузор бошанд.

Оро додани хона асосан ба якчанд сабаб руй медиҳад ки ба мисоли он аз байн бурдани таъмири куҳна, пеш аз туй ва ё чорабиниҳои хоса ороиш додани бинову ҷиҳози хона ва ғайраҳо мебошанд. Ба ороиш додани хона асосан мардҳо боақлонатар рафтор мекунанд вале аз ҷиҳати ҳавас занҳо бештар ба ороиши хона таваҷуҳ менамоянд.

khonai_khushru-300x225Одамон серпул барои ороиши хонаашон асосан мутахассисони соҳавиро ки номашон дар замони имруза дизайнер аст даъват менамояд ва онҳо дар хизмати ин кор хело моҳир ҳастанд. Дизайнерҳо на танҳо дар ороиши хона балки дар интихоби ҷиҳози хона ва тарзи сохтмону таъмири хона нозукиҳояшро хуб медонанд. Дар ҳолати истифодаи донишу тавсияҳои дизайнерҳо ороиши хона хело хубтар метавон буд ва дар фуруш баровардани хонаи ороишдодашуда таъсири мусбии худро хоҳад гузошт.

Баъзеҳо дар ороиши хона донишу малакаи худро мегузоранд ва ин ҳам аз ҳисоби дидани ягон намунаи тасавуроти онҳо дар ягон ҷой боис мегардад. Масалан солҳои охир бисёр тоҷикбачаҳо дар Руссия кор карда аз он ҷо тартиби ороишу сохтмони хонаҳоро дида ҳамон тавр хонаи худро оро-торо медиҳанд, ки ин ҳам бошад фарҳанги ороишдиҳии аврупои аст, ки ба қавли ҳозира онро евроремонт меноманд.

Ба ҳар ҳол барои ороиш додани хона мардум метавонад тасавуроти худро истифода бурд ки онро ба русси «Фантазия» меноманд ва мешавад ки аз интернет намунаи ороиши хонаҳои ҳозиразамонро дида мисли ҳамонҳо ороиши хонаро ба роҳ андозанд.

Strefy pokoju wydzielone poprzez zastosowanie roznych zrodel swiatla oraz przegrody z bambusowych tyczek.  Stylizacja: Tomasz Tarasewicz

Умуман дар ороиши хона бояд як қатор қоидаҳоро ба назар гирифт:
  1. Хонаро набояд бо ранги торик гулкориву рангубор сохт. Ранги торик руҳияи шахси мезиста ва нигоҳ мекардаро хира менамояд ва симои хона коҳиш меёбад;
  2. Истифодаи масолеҳи замонавии сохтмониро дар ороиши хона ба роҳ гузоштан лозим, чунки онҳо боқуваттар, арзонтар ва хубтаранд. Масалан назар ба тирезаи чубӣ тирезаи пластикӣ хуб аст. Ё Кафелро истифода кардан хубтар аст назар ба санг.
  3. Мебели хуб ҳам барои ороиши хона хело таъсири мусбӣ медиҳад;
  4. Масолеҳи наву ҷолибро истифода бурдан;
  5. Маслиҳати дигаронро то андозае ба инобат гирифтан;
  6. Истифодаи моли миллӣ

xona

oshxona

hamom

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

102668_soc_8

Реализми сотсиалистӣ

Ин ҷараён ба ҳаракати коргарӣ ва пайдоиши иделогияи сотсиалистӣ алоқаманд аст. Он асосан аз Коммунаи …