Хар кас мехохад ки хонаро ороиши зебо дихаду аз дидани он худ ва дигаронро ба хайрат оварад. Хонаи ороишдода ба кас таъби болида медихад ва обруву рухияи хубро хосил медихад. Оро додани хона ё хучра ва умуман манзили зист яке аз хохиши асосии инсон аст ва одамон кушиш ба харч медиханд, ки то андозае маблаги пулиро ба ин самт харч намоянду ба тараккиёти макони истикоматиаашон хиссагузор бошанд.
Оро додани хона асосан ба якчанд сабаб руй медихад ки ба мисоли он аз байн бурдани таъмири кухна, пеш аз туй ва ё чорабинихои хоса ороиш додани бинову чихози хона ва гайрахо мебошанд. Ба ороиш додани хона асосан мардхо боаклонатар рафтор мекунанд вале аз чихати хавас занхо бештар ба ороиши хона тавачух менамоянд.
Одамон серпул барои ороиши хонаашон асосан мутахассисони сохавиро ки номашон дар замони имруза дизайнер аст даъват менамояд ва онхо дар хизмати ин кор хело мохир хастанд. Дизайнерхо на танхо дар ороиши хона балки дар интихоби чихози хона ва тарзи сохтмону таъмири хона нозукихояшро хуб медонанд. Дар холати истифодаи донишу тавсияхои дизайнерхо ороиши хона хело хубтар метавон буд ва дар фуруш баровардани хонаи ороишдодашуда таъсири мусбии худро хохад гузошт.
Баъзехо дар ороиши хона донишу малакаи худро мегузоранд ва ин хам аз хисоби дидани ягон намунаи тасавуроти онхо дар ягон чой боис мегардад. Масалан солхои охир бисёр точикбачахо дар Руссия кор карда аз он чо тартиби ороишу сохтмони хонахоро дида хамон тавр хонаи худро оро-торо медиханд, ки ин хам бошад фарханги ороишдихии аврупои аст, ки ба кавли хозира онро евроремонт меноманд.
Ба хар хол барои ороиш додани хона мардум метавонад тасавуроти худро истифода бурд ки онро ба русси «Фантазия» меноманд ва мешавад ки аз интернет намунаи ороиши хонахои хозиразамонро дида мисли хамонхо ороиши хонаро ба рох андозанд.

- Хонаро набояд бо ранги торик гулкориву рангубор сохт. Ранги торик рухияи шахси мезиста ва нигох мекардаро хира менамояд ва симои хона кохиш меёбад;
- Истифодаи масолехи замонавии сохтмониро дар ороиши хона ба рох гузоштан лозим, чунки онхо бокуваттар, арзонтар ва хубтаранд. Масалан назар ба тирезаи чуби тирезаи пластики хуб аст. Ё Кафелро истифода кардан хубтар аст назар ба санг.
- Мебели хуб хам барои ороиши хона хело таъсири мусби медихад;
- Масолехи наву чолибро истифода бурдан;
- Маслихати дигаронро то андозае ба инобат гирифтан;
- Истифодаи моли милли