Главная / Гуногун / МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ, ЗАМИНДОРИИ ФЕОДАЛӢ. АҲВОЛИ ОММАИ ХАЛҚ

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ, ЗАМИНДОРИИ ФЕОДАЛӢ. АҲВОЛИ ОММАИ ХАЛҚ

Аҳолӣ. Маҳалҳои аморати Бухоро аз ҷиҳати ҷойгиршавии аҳолӣ яксон набуданд; водии Зарафшон (Миёнколот) ва Қашқадарё сернуфус ва вилоятҳои Бухорои шарқӣ нисбатан камнуфус буданд. Албатта, дар ин қисмати аморат водиҳое ҳам буданд, ки нуфуси хеле зиёд доштанд.

Солҳои 1830-1840 дар Аморати Бухоро тақрибан ду миллион аҳолӣ зиндагӣ мекард.

Дар пойтахти аморат – шаҳри Бухоро, бештар як сеяки тамоми аҳолии шаҳрнишини аморат истиқомат менамуд. Нуфуси асосии ин шаҳр тоҷикон буданд. Ба ҳисоби соли 1820 онҳо ба миқдори аз чор се ҳиссаи теъдоди умумии аҳолии пойтахти аморатро ташкил мекарданд. Ба ғайри ин ду халқи сернуфус дар ҳудуди давлати мазкур туркманҳо (10 фоиз) ва яҳудиён зиндагӣ мекарданд. Дар бисёр шаҳру деҳот асосан тоҷикон истиқомат доштанд.

buxoro

Дар бисёр ноҳияҳои Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд тоҷикон якҷоя бо узбекон мезистанд. Дар бисёр деҳаву шаҳрҳои узбекнишин тоҷикон ҳам буданд. Ин ду халқи бо ҳам алоқаи хеле наздикдоштаро робитаҳои хешовандӣ, маданӣ ва иқтисодӣ муттаҳид месохт.

Дар ибтидои асри XIX 40 фоизи аҳолӣ одамони кучӣ ва нимкучӣ буданд. Дар охири асри мазкур миқдори онҳо кам шуда, худи кучиҳо аз 15 фоиз бештар набуданд.

Умуман мебояд донист, ки дар шаҳрҳо фақат даҳяки аҳолӣ, ҳатто аз ин ҳам камтар зиндагонӣ доштанд. Аҳолии деҳот назар ба шаҳр чандин баробар зиёдтар буд.

Кишоварзӣ. Дар Осиёи Миёна тарзҳои ниҳоят оқилонаи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва муносибати обу замин ба вуҷуд омада, дар амал ҷорӣ гардида буд. Усули зироати обии ба шароити хоку иқлими ноҳияҳои гуногун мувофиқ истифода мешуд. Деҳқонон меҳнати хеле зиёд сарф намуда, заминро барои зироат омода месохтанд. Барои ин кор мардуми кӯҳистон аз заминҳои корами худ ҳазорҳо адад санг ҷамъ карда берун мепартофтанд.

Деҳқонони безамин ё камзамини кӯҳистон барои ба кишт омода сохтани замини санглох маҷбур буданд, ки хокро аз дигар ҷой пуштора карда кашонанд. Аз ин замин танҳо як навбат ҳосил мегирифтанд. Чунки барфу борон хоки кашонидаи онҳоро шуста мебурд. Соли дуюм деҳқон маҷбур мешуд, ки боз аз нав хок кашонад.

Боғдорӣ ҳам шуғли осон набуд. Масалан, ба анор дар як сол аз 6 то 10 бор об додан лозим меомад. Тирамоҳ бо машаққати зиёд дарахти анору анҷир ва токи ангурро зери хок намуда, аввали баҳор онҳоро аз хок берун меоварданд. Бо меҳнати сахт деҳқон биёбонҳо ва санглохҳоро ба киштзор табдил медод.

Олоти меҳнат хеле сода буд. Бо омоч шудгор мекарданд. Сипас бо мола ва сихмола хоки замини шудгоршударо майда ва ҳамвор мекарданд. Каланд ҳамчун муҳимтарин ва муносибтарини олот васеъ истифода мегардид. Бо дос дарав мекарданд. Барои бод кардан панҷшоха ва бели чубиро ба кор мебурданд. Дар боғдорӣ дасткалла ва каҷкорд истифода мешуд. Дар кӯҳистон чигина ва дар ҳамвориҳо хелҳои гуногуни аробаи дучарха вазифаи нақлиётро адо мекард.

Барои пурзур ва ҳосилхез кардани замин ва киштзор пору, хоки теппа ва кулухи девори иморатҳои кухнаро хока карда мепошиданд.

Сохт ва таркиби майдонҳои кишти заминҳои обии байни ноҳияҳои ҷудогона тафриқаҳои калон доштанд. Чунончи, дар ноҳияи Хуҷанд 60 фоиз заминро киштзори ғалла (аз он нисфаш гандум, баъд ҷуворӣ ва шолӣ, камтар ҷав ва арзан) ташкил менамуд. Тақрибан 14 фоизи майдон аз боғу токзор иборат буд. Пахтаи чойдорӣ (ғуза) 11,5 фоиз, юнучқа 6,4 фоиз, обчакорӣ 4,5 фоизи майдонро ишғол менамуд. Дар маҳалҳои ба шаҳр наздик бештар боғдорӣ ва обчакорӣ равнақ меёфт. Дар боғҳо ангур, себ, нок, анор, олу, зардолу, бодом, анҷир, тут ва ғайра парвариш мешуданд, ки бо навъҳои олии худ шуҳрат пайдо карда буданд. Дар баъзе ноҳияҳои фаровоноб мавқеи асосиро зироатҳои саноатӣ ишғол менамуданд, ки муҳимтарини онҳо пахта, тамоку, зағир ва растаниҳои рангдиҳанда буданд. Вале олоти кишоварзӣ ба дараҷаи ибтидоӣ буд. Истифодаи обу замин низ бо усулҳои куҳна сурат мегирифт. Бинобар ин ба меҳнати хеле зиёд ва маҳорати деҳқонон нигоҳ накарда, самараи кишоварзӣ хеле ночиз буд. Чорводорӣ тақрибан дар тамоми вилоятҳо тараққӣ мекард. Ҳар як хоҷагӣ якчанд чорво дошт. Он аксаран аз гову барзагов ва бузу гусфанд иборат буд. Дар Помир ва дигар ноҳияҳои кӯҳӣ чорводорӣ соҳаи асосӣ буд. Чорво мардумро бо хурок ва пушок таъмин мекард.

Чорводорони тоифаҳои нимкучӣ ва алалхусус кучи хусусияти дигар доштанд. Рамаҳо ва ҳамроҳи онҳо аҳолӣ ё худ қисми он аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар мегузаштанд. Давраи дар чарогоҳ нигоҳ доштани чорво хеле мураккаб ва тулонӣ буд.

Аҳолии шаҳрҳо дар баробари касбу ҳунар ва тиҷорат ба боғдорӣ, ангурпарварӣ ва умуман заминкорӣ ҳам машғул мешуд. Масалан, қисми калони аҳолии шаҳри Ӯротеппа соҳиби боғҳои ангур буданд. Ё худ машғулияти асосии мардуми Самарқанд боғдорӣ, истеҳсоли абрешим ва пахта буд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

xohar-girya

Хоҳарам гиря дорад

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, …