Главная / Илм / МОЛИБДЕН

МОЛИБДЕН

molibdenМОЛИБДЕН (Molybdaenum), Mo, элементи химиявии гурӯҳи VI ҷадвали Менделеев; рақами ат. 42, массаи ат. 95,94. С. 1778 химики швед К. Шееле кашф ва с. 1782 дигар химики швед П. Гелм аз MoO3 ҳосил кардааст.
М. металли хокистарранги душворгудоз буда, ҳарор. гуд. 2620 ± 10°С, ҳарор. ҷӯш. қариб 4800°С, зичиаш 10200 кг/м3 (20°С) аст. Дар ҳарор. 600°С то MoO3 оксид мешавад; дар 700°С бо буғи об ба реаксия рафта, MoO2 ҳосил мекунад. Дар шароити мӯътадил М. бо фтор ва ҳангоми тафсонидан бо хлор, буғҳои сулфур, нитроген, карбон ва диг. нометаллҳо пайваст мешавад. М. дар кислотаи нитрат, шаҳшароб, пероксиди гидроген ва дар ҳарор. 80 – 100°С дар кислотаҳои гидрогенхлорид ва сулфат нағз ҳал мегардад. Намакҳои кислотаҳои соддаи М. молибдатҳо ва намакҳои изополикислотаҳои он полимолибдатҳо ном доранд. М. ва хӯлаю пайвастҳои онро дар саноат аз консентратҳои стандартии молибдендор ҳосил мекунанд. Дар растаниҳо М. биосинтези кислотаҳои нуклеат ва сафедаро метезонад, боиси афзудани хлорофилл ва витаминҳо мегардад.
Пайвастҳои М. ба организм тавассути ғизо ворид мешаванд. М. дар таркиби сабзавот, ғалла, ҷигар, гурда, харбуза, дони офтобпараст, шир ва панир бисёр аст. М.-ро организм зуд ҳазм мекунад.
М. ба таркиби ферментҳое, ки дар раванди ҳосил гаштани кислотаҳои нуклеат иштирок мекунанд, дохил мешавад. Дар организми одам М. қисми асосии ферменти ксантиноксидоза мебошад. Илова бар ин, он барои ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, дар раванди оксид гаштани сулфур иштирок мекунад, фторро дар организм нигоҳ медорад, камхуниро пешгирӣ менамояд, хавфи саратони рӯда ва меъдаро кам мекунад. М. ба таркиби микрофлораи рӯда таъсир мерасонад. Ҳолатҳои дар организм нарасидани М. кам дучор меоянд. Бо вуҷуди ин, дар мавриди костагии он кори дил тез шуда, нафастангӣ, дилбеҳузурӣ, қай, иғмо (кома) рух медиҳанд, ҳатто мумкин аст кариес ва сусткамарӣ ба вуқӯъ пайвандад. Миқдори шаборӯзии М. барои кӯдакон ва калонсолон 75 – 250 мкг аст.
Т. Идрисов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …