Главная / Илм / МОЛИБДЕН

МОЛИБДЕН

molibdenМОЛИБДЕН (Molybdaenum), Mo, элементи химиявии гурухи VI чадвали Менделеев; раками ат. 42, массаи ат. 95,94. С. 1778 химики швед К. Шееле кашф ва с. 1782 дигар химики швед П. Гелм аз MoO3 хосил кардааст.
М. металли хокистарранги душворгудоз буда, харор. гуд. 2620 ± 10°С, харор. чуш. кариб 4800°С, зичиаш 10200 кг/м3 (20°С) аст. Дар харор. 600°С то MoO3 оксид мешавад; дар 700°С бо буги об ба реаксия рафта, MoO2 хосил мекунад. Дар шароити муътадил М. бо фтор ва хангоми тафсонидан бо хлор, бугхои сулфур, нитроген, карбон ва диг. нометаллхо пайваст мешавад. М. дар кислотаи нитрат, шахшароб, пероксиди гидроген ва дар харор. 80 – 100°С дар кислотахои гидрогенхлорид ва сулфат нагз хал мегардад. Намакхои кислотахои соддаи М. молибдатхо ва намакхои изополикислотахои он полимолибдатхо ном доранд. М. ва хулаю пайвастхои онро дар саноат аз консентратхои стандартии молибдендор хосил мекунанд. Дар растанихо М. биосинтези кислотахои нуклеат ва сафедаро метезонад, боиси афзудани хлорофилл ва витаминхо мегардад.
Пайвастхои М. ба организм тавассути гизо ворид мешаванд. М. дар таркиби сабзавот, галла, чигар, гурда, харбуза, дони офтобпараст, шир ва панир бисёр аст. М.-ро организм зуд хазм мекунад.
М. ба таркиби ферментхое, ки дар раванди хосил гаштани кислотахои нуклеат иштирок мекунанд, дохил мешавад. Дар организми одам М. кисми асосии ферменти ксантиноксидоза мебошад. Илова бар ин, он барои хосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, дар раванди оксид гаштани сулфур иштирок мекунад, фторро дар организм нигох медорад, камхуниро пешгири менамояд, хавфи саратони руда ва меъдаро кам мекунад. М. ба таркиби микрофлораи руда таъсир мерасонад. Холатхои дар организм нарасидани М. кам дучор меоянд. Бо вучуди ин, дар мавриди костагии он кори дил тез шуда, нафастанги, дилбехузури, кай, игмо (кома) рух медиханд, хатто мумкин аст кариес ва сусткамари ба вукуъ пайвандад. Микдори шаборузии М. барои кудакон ва калонсолон 75 – 250 мкг аст.
Т. Идрисов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …