Главная / Биология / Шакли берунии моҳиён (дар мисоли окун)

Шакли берунии моҳиён (дар мисоли окун)

Окун дар оби ширин зиндагӣ карда, босуръат шино мекунад. Қисмҳои сару тан ва думашон якҷоя пайвастаанд. Тарқишҳои ғалсамаашро сарпӯши ғалсама пӯшидааст. Танаи окун аз ду тарафи паҳлӯяш пачақ аст ва барои бемонеа буридани об мувофиқ мебоптал.

Болҳои шиноварии окун сихҳои сахти устухонӣ доранд ва дар вақти ба онҳо ҳуҷум кардани лаққамоҳӣ, шӯртан, налим ва паррандаҳои моҳихӯр худро муҳофизат мекунанд.

Болҳои шиноварии тахтапушт, дум, зери дум тоқ буда, болхои қисми синаю шикам ҷуфт мебошанд. Боли дум самти ҳаракатро муайян мекунад.

okun

Рӯйи бадани окунро пулакчаҳои устухонӣ пӯшидаанд ва ҳамаи онҳо аз пеш ба ақиб болои ҳам хобида, ба ҳаракати бадан дар ҳаргуна об ба он халал намерасонанд. Дар рӯйи пулакчаҳо пӯсти тунуке ҳаст, ки ғадуди лухобҷудокунӣ дорад. Он луоб баданро аз соиш нигоҳ медорад. Ранги болои баданашон ба ранги ҷинсҳои обӣ монанд буда, ранги қисми шикамиашон равшан аст. Ин рангҳо барои ноаён пинҳон шудан ва хӯрок ёфтан ёрӣ мерасонанд.

Узви ҳиссиёт барои ёфтани хӯрок ва аз душман раҳой ёфтан мусоидат мекунад. Окун чашмони калон дошта ва шаклу ранги ҷисмҳоро аз наздик фарқ мекунад. Барои моҳиён узви ҳисси махсус — хатти паҳлӯӣ хос аст ва бо он самту ҷараёни обро пай мебаранд.

Дар зери пӯсти моҳиён мушакҳо ҷойгиранд. Мушакқо қобилияти кашиш хӯрдан доранд ва тавассути он узвҳои ҷудогонаи моҳӣ ба ҳаракат медарояд. Махсусан, мушакҳои тахтапушт, дум, ғалсама нағз инкишоф ёфтаанд. Дар зери мушакҳо пайвандҳои устухонӣ мавҷудаанд, ки он аз сутунмуҳра, косахонаи cap, бол иборат аст. Устухонбанд такягохи бадан буда, узвҳои даруниро аз ҳар гуна зарбу лат муҳофизат мекунад, инчунин сохти узвҳои ҳаракатро ташкил медиҳад.

Дандонҳои тези ҷоғи моҳӣ барои шикор ва доштани сайд ёрӣ мерасонанд. Хӯрок баъди фурӯ бурдан аввал ба халқ, пас ба сурхрӯдаю меъда меравад. Масалан, окун хӯрокашро яклухт фурӯ мебарад. Девори меъдааш шира ҷудо мекунад, ки ба ҳазми хӯрок ёрӣ

мерасонад. Хӯроки кисман хазмнашуда ба рӯдаи борик мегузарад ва ба он ғадуди зери меъдаю талха таъсир мерасонад.

Пуффаки шиновари дар болои рӯда ҷой гирифта, аз омехтаи газҳо пур аст. Вақте ки моҳӣ ба чуқурии зиёд мсфарояд, пуффак ҳаҷман хурд шуда, вазни моҳӣ зиёд мешавад. Дар вақти ба боло баромадан баръакси он ва ҳангоми истодан ҳаҷми пуффак бетағйир мемонад.

Моҳӣ аз хисоби оксигени дар об ҳалшуда бо ғалсамааш нафас мегирад. Ғалсама дар ду тарафи поёни cap, гардан ҷой гирифта, кафмонанди варақӣ аст. Сихчаҳои галсама узви обсофкунак мебошанд. Оби аз даҳан даромада ба воситаи тарқишҳои ғалсама гузашта, аз зери сарпӯши ғалсама берун медарояд. Дар ин ҳол оксигени об ба воситаи деворҳои нафиси варақахои ғалсама ба хун медарояд. Азбаски девораҳои хушки ғалсама оксигенро намегузаронанд, бинобар ин моҳӣ дар муҳити беобӣ тез ҳалок мешавад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …