Главная / Ҷамъият / Ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс

Ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс

Моддаи 9-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс 

  1. Ба ҳар шахс ҳифзи судии ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниаш кафолат дода мешавад. Ҳар шахс метавонад оид ба ҳимоя кардани ҳуқуқҳои вайронгаштааш ба суд муроҷиат намояд ва ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
  2. Суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) вазифадоранд ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии  иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии  маъмуриро таъмин намоянд, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит муҳайё  созанд, барои қонеъ кардани талабу дархостҳои қонунии онҳо чораандешӣ кунанд.
  3. Дар сурати бо амали ғайриқонунии суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) расонидани зарари моддӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) оид ба пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вазифадоранд барои талофии он чораҳо андешанд.
  4. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурд ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ расонида шудааст, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …