Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқҳои мақомоти андоз

Ҳуқуқҳои мақомоти андоз

Моддаи 89-и Кодекси Андоз. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз

  1. Мақомоти андоз мутобиқи Кодекси мазкур ҳуқуқ доранд:

– дар доираи ваколатҳояшон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, мустақилона ё дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намоянд;

-назорати андозро амалӣ намоянд;

-ҳамкориҳои байналмилалиро оид ба масъалаҳои андозбандӣ амалӣ намоянд;

-аз андозсупоранда (агенти андоз) талаб намоянд, ки дастрасӣ ба муоинаи иттилооти таъмини барномавии барои автоматизатсиякунонии ҳисоботи муҳосибӣ ва андоз зарур ва (ё) системаи иттилоотии дорои иттилооти ҳуҷҷатҳои аввалияи ҳисоботиро оид ба объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳое, ки ба андозбандӣ алоқаманданд, дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) истифода шудани чунин таъминоти барномавӣ ва (ё) системаи иттилоотӣ, таъмин намояд;

– дар ҷараёни санҷиши андоз тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои андозсупорандаро (агенти андозро), ки аз содир гардидани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар ҳолати вуҷуд доштани имконияти нобуд сохтан, пинҳон намудан, тағйир додан ё иваз намудани ин ҳуҷҷатҳо, гиранд;

– мутобиқи Кодекси мазкур ҳаҷми ўҳдадории андозро (бо истифода аз усулҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим, нархҳои бозорӣ ё иттилооти муоинаи хронометражӣ) ҳисоб намоянд;

-дар ҷараёни санҷишҳои андоз санҷиши ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисоботҳо, сметаҳо, пулҳои нақд, коғазҳои қиматнок ва дигар сарватҳо, ҳисобҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳоро анҷом диҳанд, оид ба масъалаҳои дар рафти санҷишҳои зикршуда бамиёномада аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ иттилоот, баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ гиранд;

-дар рафти санҷиши андоз молу мулкеро, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд мебошад, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавиаш муоина намоянд, баруйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулки андозсупорандаро (агенти андозро) (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ) бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, гузаронанд;

-дар рафти санҷиши андоз биноҳои истеҳсолӣ, савдо, анборҳо ва дигар биноҳои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавиашон, ки барои гирифтани даромад ё барои нигоҳдории объектҳои андозбандӣ истифода мешаванд, аз назар гузаронанд;

-ба роҳбарон ва дигар кормандони мансабдори ташкилотҳо, инчунин ба шахсони воқеӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андози ошкоршуда супоришҳо диҳанд, ки барои иҷро ҳатмӣ мебошанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;

-барои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз муҷозот ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд, оид ба боздошти (бекор намудани) амалиёти иҷозатномаҳо барои иҷрои намудҳои алоҳидаи фаъолият дархост намоянд;

-мутобиқи Кодекси мазкур аз андозсупорандагон, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ситонанд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди даъвоҳо ба суд;

-дар ҳолати вайрон намудани қонунгузории андоз намудҳои муқарраршудаи ҷавобгариро татбиқ намоянд;

-аз андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии ҳисоб ва саривақт пардохти (нигоҳ доштан ва гузаронидани) андозҳо ва вобаста ба ҳисоботи андози тартибдодашудаи андозсупоранда (агенти андоз), инчунин ҳисоботи молиявии андозсупоранда (агенти андоз), аз ҷумла бо замима намудани хулосаи аудиторӣ дар ҳолате, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин шахс гузаронидани аудити ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, баёноти хаттӣ талаб намоянд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)

-тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо оид ба  маҷбуран ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳоро татбиқ намоянд ва маблағҳои қарзи андозро рўёнанд;

-ҷиҳати гузаронидани назорати андоз мутахассисон, экспертҳо ва тарҷумонҳоро ҷалб (даъват) намоянд, ки пардохти хизматҳои онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои экспертизаи судӣ амалӣ карда мешавад;

– дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии соҳаи андоз, ба сифати шоҳид шахсонеро, ки барояшон ҳолатҳои барои гузаронидани назорати андоз аҳамиятдошта маълуманд, даъват намоянд;

– тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе кам намудани ҳаҷми умумии воридоти андозҳо дар шаҳрҳои (ноҳияҳои) алоҳида ё гурўҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон ба мўҳлати на кам аз 12 моҳи пайиҳам ояндаи тақвимӣ бо тариқи озмоиш кам намудани шумораи эъломияҳои пешниҳодшаванда, пардохти андозҳо ба буҷет ва (ё) бо тариқи дигар тартиби пардохти андозҳоро содда намоянд.

  1. Мақомоти болоии андоз ҳуқуқ доранд қарорҳои мақомоти поёнии андозро дар ҳолати мувофиқ набудани онҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд.
  2. Мақомоти андоз, инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошанд, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …