Главная / Чамъият / Хукукхои макомоти андоз

Хукукхои макомоти андоз

Моддаи 89-и Кодекси Андоз. Хукукхои макомоти андоз

  1. Макомоти андоз мутобики Кодекси мазкур хукук доранд:

– дар доираи ваколатхояшон санадхои меъёрии хукукиеро, ки Кодекси мазкур пешбини кардааст, мустакилона ё дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик намоянд;

-назорати андозро амали намоянд;

-хамкорихои байналмилалиро оид ба масъалахои андозбанди амали намоянд;

-аз андозсупоранда (агенти андоз) талаб намоянд, ки дастраси ба муоинаи иттилооти таъмини барномавии барои автоматизатсиякунонии хисоботи мухосиби ва андоз зарур ва (ё) системаи иттилоотии дорои иттилооти хуччатхои аввалияи хисоботиро оид ба объектхои андозбанди ва (ё) объектхое, ки ба андозбанди алокаманданд, дар холати аз чониби андозсупоранда (агенти андоз) истифода шудани чунин таъминоти барномави ва (ё) системаи иттилооти, таъмин намояд;

– дар чараёни санчиши андоз тибки тартиби муайяннамудаи Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон хуччатхои андозсупорандаро (агенти андозро), ки аз содир гардидани хукуквайронкунии маъмури гувохи медиханд, дар холати вучуд доштани имконияти нобуд сохтан, пинхон намудан, тагйир додан ё иваз намудани ин хуччатхо, гиранд;

– мутобики Кодекси мазкур хачми ухдадории андозро (бо истифода аз усулхои баходихии мустаким ва гайримустаким, нарххои бозори ё иттилооти муоинаи хронометражи) хисоб намоянд;

-дар чараёни санчишхои андоз санчиши хуччатхои молияви, китобхои мухосиби, хисоботхо, сметахо, пулхои накд, когазхои киматнок ва дигар сарватхо, хисобхо, эъломияхо ва дигар хуччатхои вобаста ба хисоб ва пардохт намудани андозхоро анчом диханд, оид ба масъалахои дар рафти санчишхои зикршуда бамиёномада аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони ташкилотхо ва шахсони вокеи иттилоот, баёноти шифохи ва хатти гиранд;

-дар рафти санчиши андоз молу мулкеро, ки объекти андозбанди ва (ё) объекти ба андозбанди алокаманд мебошад, новобаста ба махалли чойгиршавиаш муоина намоянд, баруйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулки андозсупорандаро (агенти андозро) (ба истиснои бинохои истикомати) бо тартибе, ки макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, гузаронанд;

-дар рафти санчиши андоз бинохои истехсоли, савдо, анборхо ва дигар бинохои корхонахо ва шахсони вокеиро, новобаста ба махалли чойгиршавиашон, ки барои гирифтани даромад ё барои нигохдории объектхои андозбанди истифода мешаванд, аз назар гузаронанд;

-ба рохбарон ва дигар кормандони мансабдори ташкилотхо, инчунин ба шахсони вокеи чихати бартараф намудани хукуквайронкунихои андози ошкоршуда супоришхо диханд, ки барои ичро хатми мебошанд ва ичрои онхоро назорат намоянд;

-барои хукуквайронкунихои андоз мучозот ва чаримахои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистонро татбик намоянд, оид ба боздошти (бекор намудани) амалиёти ичозатномахо барои ичрои намудхои алохидаи фаъолият дархост намоянд;

-мутобики Кодекси мазкур аз андозсупорандагон, шахсони мансабдори онхо ва шахсони вокеи андозхо, чаримахо ва фоизхо ситонанд, аз чумла тавассути пешниходи даъвохо ба суд;

-дар холати вайрон намудани конунгузории андоз намудхои мукарраршудаи чавобгариро татбик намоянд;

-аз андозсупоранда (агенти андоз) пешниход намудани хуччатхои тасдиккунандаи дурустии хисоб ва саривакт пардохти (нигох доштан ва гузаронидани) андозхо ва вобаста ба хисоботи андози тартибдодашудаи андозсупоранда (агенти андоз), инчунин хисоботи молиявии андозсупоранда (агенти андоз), аз чумла бо замима намудани хулосаи аудитори дар холате, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон нисбат ба чунин шахс гузаронидани аудити хатми мукаррар шуда бошад, баёноти хатти талаб намоянд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1188)

-тибки тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур, конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба истехсолоти ичро ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чорахо оид ба  мачбуран ситонидани андозхо, чаримахо ва фоизхоро татбик намоянд ва маблагхои карзи андозро руёнанд;

-чихати гузаронидани назорати андоз мутахассисон, экспертхо ва тарчумонхоро чалб (даъват) намоянд, ки пардохти хизматхои онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои экспертизаи суди амали карда мешавад;

– дар холати ошкор намудани хукуквайронкунии маъмурии сохаи андоз, ба сифати шохид шахсонеро, ки барояшон холатхои барои гузаронидани назорати андоз ахамиятдошта маълуманд, даъват намоянд;

– тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, бе кам намудани хачми умумии воридоти андозхо дар шахрхои (нохияхои) алохида ё гуруххои алохидаи андозсупорандагон ба мухлати на кам аз 12 мохи пайихам ояндаи таквими бо тарики озмоиш кам намудани шумораи эъломияхои пешниходшаванда, пардохти андозхо ба бучет ва (ё) бо тарики дигар тартиби пардохти андозхоро содда намоянд.

  1. Макомоти болоии андоз хукук доранд карорхои макомоти поёнии андозро дар холати мувофик набудани онхо ба конунгузории андози Чумхурии Точикистон бекор кунанд.
  2. Макомоти андоз, инчунин дорои дигар хукукхое мебошанд, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудаанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …