Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагон ҳангоми истифодаи объекти сохтмон

Ӯҳдадориҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагон ҳангоми истифодаи объекти сохтмон

Моддаи 78-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ӯҳдадориҳои соҳибмулкон ва истифодабарандагон ҳангоми истифодаи объекти сохтмон

  1. Соҳибмулкон ва истифодабарандагони объектҳои сохтмон вазифадоранд объектҳоро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъиноти мақсаднок ва функсионалии он истифода баранд.
    2. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, соҳибмулкон ва истифодабарандагони объектҳо ҳангоми истифодаи онҳо ӯҳдадоранд:
    – тарҳи меъмории объектҳои сохтмонро нигоҳ доранд;
    – ҳолати техникии объектҳои сохтмонро аз назар гузаронанд;
    – объектҳои сохтмонро дар ҳолатҳои дахлдори техникӣ, санитарию эпидемологӣ, зиддисӯхторӣ, экологӣ ва меъморию эстетикӣ нигоҳ доранд;
    – талаботи соҳаи ҳифзи муҳити зистро риоя намоянд;
    – дар тамоми мӯҳлати кафолати истифодаи объектҳои сохтмон ҳуҷҷатҳои лоиҳавии онҳоро нигоҳ доранд.
    3. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, соҳибмулк ва истифодабарандаи объектҳои сохтмон вазифадоранд давра ба давра таъмири объектҳои истифодашавандаро гузаронанд, талаботи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва дигар мақомоти давлатиеро, ки назорати истифодаи объектҳои сохтмонро дар мӯҳлатҳои кафолати истифодаи онҳо амалӣ месозанд, иҷро намоянд.
    4. Таъмири давра ба давраи объектҳои сохтмонро қоидаҳои истифодаи он муқаррар менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …