Главная / Ҷамъият / Чораҳои таъмини иҷрои ўҳдадории дар мўҳлаташ иҷронашудаи андоз

Чораҳои таъмини иҷрои ўҳдадории дар мўҳлаташ иҷронашудаи андоз

Моддаи 72-и Кодекси Андоз. Чораҳои таъмини иҷрои ўҳдадории дар мўҳлаташ иҷронашудаи андоз

  1. Мақомоти андоз иҷрои ўҳдадориҳои андози дар мўҳлати муқарраршуда иҷронакардаи андозсупорандаро бо чораҳои зерини пешбининамудаи ҳамин боб таъмин менамоянд:

-ҳисобкунии фоизҳо ба маблағҳои дар мўҳлаташ пардохтнашудаи андозҳо;

-боздоштани амалиёти хароҷоти суратҳисоби бонкии андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ;

-рўёнидани қарзҳои андоз аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ мавҷудбудаи андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай, инчунин маблағҳои пулии нақди андозсупоранда;

– рўёнидани қарзи андоз аз ҳисоби ҳабс кардан ва фурўши молу мулки андозсупоранда.

  1. Чораҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда татбиқ карда мешаванд:

– бевосита аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби ғайрисудӣ нисбат ба он қарзҳои андозе, ки андозсупоранда эътироф кардааст;

– бо тартиби судӣ нисбат ба қарзҳои андозе, ки дар сархати якумиҳамин қисм нишон дода нашудаанд.

  1. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда дар мўҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ва ба вуҷуд омадани қарзи эътирофшудаи андоз, мақомоти андоз:

-андозсупорандаро оид ба зарурати пардохти қарзи андоз дар давоми 20 рўзи тақвимӣ аз рўзи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани чунин огоҳинома ва имконпазирии нисбат ба ў андешидани тадбирҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда огоҳ менамоянд;

-ҳангоми иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи дар сархати якуми ҳамин қисмпешбинишуда, нисбат ба андозсупорандае, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андоз метавонанд ҳамзамон тамоми чораҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро татбиқ намоянд (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).

  1. Чораҳои маҷбуран рўёнидани андозҳо вобаста ба боздоштани амалиёти хароҷотии суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ, рўёнидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай мавҷудбуда, инчунин маблағҳои пулии нақди андозсупорандагон метавонанд ба тариқи ғайрисудӣ амалӣ карда шаванд, ба истиснои:

-суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд;

-суратҳисобҳои қарзӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда;

-амалиёти хароҷотӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда оид ба пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, пардохтҳо аз рўи ўҳдадориҳои ҷории андоз ва пўшонидани қарзи андоз.

  1. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани қарзи эътирофшудаи андоз мақомоти андоз метавонанд қарор қабул намоянд, ки иҷрояш барои ташкилотҳои қарзӣ, бо дарназардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда, оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ тибқи суратҳисобҳои андозсупоранда дар ин ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад. Чораи мазкур, инчунин метавонад ҳангоми мавҷуд будани ақаллан яке аз ҳолатҳои зерин низ татбиқ карда шавад:

-агар андозсупоранда дар мўҳлати муқарраршуда эъломияи андозро пешниҳод накунад, мақомоти андоз ўро дар бораи зарурати пешниҳоди он огоҳ карда бошанд ва агар баъди ба охир расидани 30 рўзи тақвимӣ аз санаи чунин огоҳӣ эъломияи андоз пешниҳод нашуда бошад;

-роҳ надодани шахсони мансабдори мақомоти андоз барои гузаронидани санҷиши андоз ё дигар шакли назорати андоз, пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои барои санҷиш зарур, ба истиснои ҳолатҳои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба гузаронидани назорати андоз, агар аз рўзи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани огоҳиномаи мақомоти андоз дар хусуси гузаронидани яке аз шаклҳои назорати андоз ва оид ба имконияти татбиқи чораҳои пешбининамудаи ҳамин модда 10 рўзи тақвимӣ гузашта бошад.

  1. Боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзӣ барои ситонидани қарзи эътирофшудаи андозбо дарназардошти талаботи қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда тибқи тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

-қарори роҳбари (ё муовини ваколатдори роҳбари) мақомоти андоз барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ, ки дар он суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, фиристода мешавад;

-ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои андозсупоранда иҷро намоянд, инчунин ҳуқуқ надоранд барои ў суратҳисобҳои нав кушоянд, аз суратҳисобҳои вай пули нақд диҳанд ва (ё) ба ў қарз диҳанд;

-то гирифтани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи онҳо дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳо ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд тибқи дархости ин мақоми андоз ҳар моҳ ба мақомоти андозе, ки андозсупоранда дар он ба ҳисоб гирифта шудааст, оид ба амалиёти даромаду хароҷотӣ ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз рўи суратҳисобҳои амалиёташон боздошташудаи андозсупоранда маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз метавонанд дурустии иҷрои талаботи муқаррарнамудаи ҳамин қисм ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо таҳти санҷиш қарор диҳанд.

  1. Ситонидани қарзи эътирофшудаи андоз аз ҳисоби пулҳои дар суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай дар ташкилотҳои қарзӣ, инчунин воситаҳои пулии нақди андозсупоранда бо дарназардошти маҳдудиятҳои қисми 4 ҳамин модда бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

– фармоишҳои инкассавии дахлдори роҳбари (ё муовини ваколатдори роҳбари) мақомоти андоз, инчунин санадҳои муқоисавии қарзи дебиторӣ (танҳо ҳангоми ситонидани қарз аз ҳисоби дебиторҳои андозсупорандаи қарздор) барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегарданд. Ҳангоми ситонидани маблағҳои дар суратҳисобҳои асъории хориҷӣ ҷойгиршуда, ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд дар давоми ду рўзи корӣ баъд аз ворид гардидани фармоиши инкассавӣ фурўши воситаҳои асъории андозсупорандаро амалӣ намуда, маблағҳои пулиро ба буҷети дахлдор гузаронанд. Хароҷоти марбут ба фурўши асъори хориҷӣ аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд;

– ташкилотҳои қарзӣ бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда ўҳдадоранд бидуни аз мақомоти андоз талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 71 Кодекси мазкур фармоишҳои дахлдори инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он барои пўшонидани қарзи андоз иҷро намоянд;

– то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ аз мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи онҳо дар бораи ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби воситаҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва (ё) аз ҳисоби дебиторҳои он, ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд тибқи дархост ба мақоми андоз оид ба амалиёти даромадию хароҷотӣ ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз рўи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз метавонанд дурустии иҷрои талаботи муқаррарнамудаи сархатҳои якум ва дуюмиҳамин қисм ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо таҳти санҷиш қарор диҳанд;

-барои ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби воситаҳои пулии нақди андозсупоранда қарори дахлдори роҳбари (муовини ваколатдори роҳбари) мақоми андоз барои иҷро ба андозсупоранда ирсол карда мешавад. Пас аз гирифтани қарори дахлдор андозсупоранда ўҳдадор аст воситаҳои пулии нақдашро танҳо барои пўшонидани қарзи андоз тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 71 Кодекси мазкур, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, равон намояд.

  1. Баъди бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо мутобиқи қисмҳои 6,7 ҳамин модда шуда буданд, мақоми андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилотҳои қарзӣ оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) санади муқоисавии ўҳдадориҳои андозии андозсупорандаро бо мақомоти андоз дар мўҳлати як рўзи корӣ қарорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда ҳисобида, ҳамзамон ба шахсони дахлдор огоҳинома мефиристанд. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии дахлдор ва андозсупоранда аз рўзи фиристода шудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз оид ба иҷрои онҳо, иҷрошуда ҳисобида мешаванд.
  2. Барои ситонидани қарзи эътирофшудаи андоз аз ҳисоби фурўши молу мулки андозсупоранда қарори дахлдори мақомоти андоз оид ба ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурўш баровардани он барои пўшонидани қарзи андоз қабул мегардад, ки аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба иҷро расонида мешавад.
  3. Барои мақсадҳои ҳамин боб суратҳисобҳои муассисаҳои давлатӣ, ки дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои буҷет кушода шудаанд, ба суратҳисобҳои бонкӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои буҷет бошад, ба ташкилотҳои қарзӣ баробар дониста мешаванд.
  4. Дар сурате, ки агар андозсупорандае, ки нисбат ба ў чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо амалӣ шуда истодаанд, нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявиро пешниҳод намояд, мақоми андоз ва андозсупоранда метавонанд ба мўҳлати то 6 моҳи пай дар пайи тақвимӣ оид ба тартиб ва мўҳлатҳои пардохти қарзи андоз шартнома банданд. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад иловатан шартномаи зикршударо бо андозсупоранда ба мўҳлати то 6 моҳи пай дар пайиминбаъда дароз намояд. Ҳамзамон иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо ба мўҳлати амали шартнома боздошта мешавад. Мўҳлати иҷрои шартномаи мазкур ва боздошта шудани қарорҳои қаблан қабулгардидаи мақоми андоз оид ба истифодабарии чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад дароз карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …