Главная / Чамъият / Чорахои таъмини ичрои ухдадории дар мухлаташ ичронашудаи андоз

Чорахои таъмини ичрои ухдадории дар мухлаташ ичронашудаи андоз

Моддаи 72-и Кодекси Андоз. Чорахои таъмини ичрои ухдадории дар мухлаташ ичронашудаи андоз

  1. Макомоти андоз ичрои ухдадорихои андози дар мухлати мукарраршуда ичронакардаи андозсупорандаро бо чорахои зерини пешбининамудаи хамин боб таъмин менамоянд:

-хисобкунии фоизхо ба маблагхои дар мухлаташ пардохтнашудаи андозхо;

-боздоштани амалиёти харочоти суратхисоби бонкии андозсупоранда дар ташкилотхои карзи;

-руёнидани карзхои андоз аз хисоби маблагхои пулии дар суратхисобхои бонки мавчудбудаи андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай, инчунин маблагхои пулии накди андозсупоранда;

– руёнидани карзи андоз аз хисоби хабс кардан ва фуруши молу мулки андозсупоранда.

  1. Чорахои пешбининамудаи сархатхои дуюм, сеюм ва чоруми кисми 1 хамин модда татбик карда мешаванд:

– бевосита аз чониби макомоти андоз бо тартиби гайрисуди нисбат ба он карзхои андозе, ки андозсупоранда эътироф кардааст;

– бо тартиби суди нисбат ба карзхои андозе, ки дар сархати якумихамин кисм нишон дода нашудаанд.

  1. Дар сурати аз чониби андозсупоранда дар мухлатхои мукарраршуда пардохт нагардидани андозхо, чаримахо ва фоизхо ва ба вучуд омадани карзи эътирофшудаи андоз, макомоти андоз:

-андозсупорандаро оид ба зарурати пардохти карзи андоз дар давоми 20 рузи таквими аз рузи аз чониби андозсупоранда гирифтани чунин огохинома ва имконпазирии нисбат ба у андешидани тадбирхои пешбининамудаи сархатхои дуюм, сеюм ва чоруми кисми 1 хамин модда огох менамоянд;

-хангоми ичро нагардидани талаботи огохиномаи дар сархати якуми хамин кисмпешбинишуда, нисбат ба андозсупорандае, ки карзи андоз дорад, макомоти андоз метавонанд хамзамон тамоми чорахои пешбининамудаи кисми 1 хамин моддаро татбик намоянд (КЧТ аз 18.03.15с., №1188).

  1. Чорахои мачбуран руёнидани андозхо вобаста ба боздоштани амалиёти харочотии суратхисобхои андозсупоранда дар ташкилотхои карзи, руёнидани карзи андоз аз хисоби маблагхои пулии дар суратхисобхои бонкии андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай мавчудбуда, инчунин маблагхои пулии накди андозсупорандагон метавонанд ба тарики гайрисуди амали карда шаванд, ба истиснои:

-суратхисобхои пасандозии шахсони вокеи, ки бо фаъолияти сохибкори машгул намебошанд;

-суратхисобхои карзи ва суратхисобхои махсуси аз хисоби маблагхои ташкилотхои байналмилалии молияви кушодашуда;

-амалиёти харочоти аз суратхисобхои андозсупоранда оид ба пардохти музди мехнат ва пардохтхои ба он баробаркардашуда, пардохтхо аз руи ухдадорихои чории андоз ва пушонидани карзи андоз.

  1. Дар холати ба вучуд омадани карзи эътирофшудаи андоз макомоти андоз метавонанд карор кабул намоянд, ки ичрояш барои ташкилотхои карзи, бо дарназардошти махдудиятхои мукаррарнамудаи кисми 4 хамин модда, оид ба боздоштани амалиёти харочоти тибки суратхисобхои андозсупоранда дар ин ташкилотхо хатми мебошад. Чораи мазкур, инчунин метавонад хангоми мавчуд будани акаллан яке аз холатхои зерин низ татбик карда шавад:

-агар андозсупоранда дар мухлати мукарраршуда эъломияи андозро пешниход накунад, макомоти андоз уро дар бораи зарурати пешниходи он огох карда бошанд ва агар баъди ба охир расидани 30 рузи таквими аз санаи чунин огохи эъломияи андоз пешниход нашуда бошад;

-рох надодани шахсони мансабдори макомоти андоз барои гузаронидани санчиши андоз ё дигар шакли назорати андоз, пешниход накардани хуччатхои барои санчиш зарур, ба истиснои холатхои вайрон намудани тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба гузаронидани назорати андоз, агар аз рузи аз чониби андозсупоранда гирифтани огохиномаи макомоти андоз дар хусуси гузаронидани яке аз шаклхои назорати андоз ва оид ба имконияти татбики чорахои пешбининамудаи хамин модда 10 рузи таквими гузашта бошад.

  1. Боздоштани амалиёти харочоти аз руи суратхисобхои андозсупоранда дар ташкилотхои карзи барои ситонидани карзи эътирофшудаи андозбо дарназардошти талаботи кисмхои 4 ва 5 хамин модда тибки тартиби зерин амали карда мешавад:

-карори рохбари (ё муовини ваколатдори рохбари) макомоти андоз барои ичро ба ташкилотхои карзи, ки дар он суратхисобхои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, фиристода мешавад;

-ташкилотхои карзи ухдадоранд карори дахлдори макомоти андозро оид ба боздоштани амалиёти харочоти аз руи суратхисобхои андозсупоранда ичро намоянд, инчунин хукук надоранд барои у суратхисобхои нав кушоянд, аз суратхисобхои вай пули накд диханд ва (ё) ба у карз диханд;

-то гирифтани огохиномаи хаттии макомоти андоз оид ба ичрои пурраи карорхои каблан кабулнамудаи онхо дар бораи боздоштани амалиёти харочоти аз руи суратхисобхо ташкилотхои карзи ухдадоранд тибки дархости ин макоми андоз хар мох ба макомоти андозе, ки андозсупоранда дар он ба хисоб гирифта шудааст, оид ба амалиёти даромаду харочоти ва маблагхои пулии воридшуда (харчшуда) аз руи суратхисобхои амалиёташон боздошташудаи андозсупоранда маълумот пешниход намоянд. Макомоти андоз метавонанд дурустии ичрои талаботи мукаррарнамудаи хамин кисм ва (ё) сахехии маълумоти пешниходшударо тахти санчиш карор диханд.

  1. Ситонидани карзи эътирофшудаи андоз аз хисоби пулхои дар суратхисобхои андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай дар ташкилотхои карзи, инчунин воситахои пулии накди андозсупоранда бо дарназардошти махдудиятхои кисми 4 хамин модда бо тартиби зерин амали карда мешавад:

– фармоишхои инкассавии дахлдори рохбари (ё муовини ваколатдори рохбари) макомоти андоз, инчунин санадхои мукоисавии карзи дебитори (танхо хангоми ситонидани карз аз хисоби дебиторхои андозсупорандаи карздор) барои ичро ба ташкилотхои карзи, ки дар онхо суратхисобхои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегарданд. Хангоми ситонидани маблагхои дар суратхисобхои асъории хоричи чойгиршуда, ташкилотхои карзи ухдадоранд дар давоми ду рузи кори баъд аз ворид гардидани фармоиши инкассави фуруши воситахои асъории андозсупорандаро амали намуда, маблагхои пулиро ба бучети дахлдор гузаронанд. Харочоти марбут ба фуруши асъори хоричи аз хисоби андозсупоранда анчом дода мешаванд;

– ташкилотхои карзи бо дарназардошти махдудиятхои пешбининамудаи кисми 4 хамин модда ухдадоранд бидуни аз макомоти андоз талаб намудани хуччатхои иловаги тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи 71 Кодекси мазкур фармоишхои дахлдори инкассавии макомоти андозро дар бораи ситонидани маблагхои пули аз суратхисобхои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он барои пушонидани карзи андоз ичро намоянд;

– то гирифтани огохиномаи хатти аз макомоти андоз оид ба ичрои пурраи карорхои каблан кабулнамудаи онхо дар бораи ситонидани карзи андоз аз хисоби воситахои пулии дар суратхисобхои бонкии андозсупоранда ва (ё) аз хисоби дебиторхои он, ташкилотхои карзи ухдадоранд тибки дархост ба макоми андоз оид ба амалиёти даромадию харочоти ва маблагхои пулии воридшуда (харчшуда) аз руи суратхисобхои бонкии андозсупоранда ва (ё) дебиторони вай хар мох маълумот пешниход намоянд. Макомоти андоз метавонанд дурустии ичрои талаботи мукаррарнамудаи сархатхои якум ва дуюмихамин кисм ва (ё) сахехии маълумоти пешниходшударо тахти санчиш карор диханд;

-барои ситонидани карзи андоз аз хисоби воситахои пулии накди андозсупоранда карори дахлдори рохбари (муовини ваколатдори рохбари) макоми андоз барои ичро ба андозсупоранда ирсол карда мешавад. Пас аз гирифтани карори дахлдор андозсупоранда ухдадор аст воситахои пулии накдашро танхо барои пушонидани карзи андоз тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи 71 Кодекси мазкур, ба истиснои пардохти музди мехнат ва пардохтхои ба он баробаркардашуда, равон намояд.

  1. Баъди бартараф намудани асосхое, ки боиси татбики чорахои мачбуран ситонидани андозхо мутобики кисмхои 6,7 хамин модда шуда буданд, макоми андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилотхои карзи оид ба маблагхои пулии аз суратхисобхои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) санади мукоисавии ухдадорихои андозии андозсупорандаро бо макомоти андоз дар мухлати як рузи кори карорхои каблан кабулшударо ичрошуда хисобида, хамзамон ба шахсони дахлдор огохинома мефиристанд. Карорхои каблан кабулнамудаи макомоти андоз барои ташкилотхои карзии дахлдор ва андозсупоранда аз рузи фиристода шудани огохиномаи хаттии макомоти андоз оид ба ичрои онхо, ичрошуда хисобида мешаванд.
  2. Барои ситонидани карзи эътирофшудаи андоз аз хисоби фуруши молу мулки андозсупоранда карори дахлдори макомоти андоз оид ба хабси молу мулки андозсупоранда ва ба фуруш баровардани он барои пушонидани карзи андоз кабул мегардад, ки аз чониби макомоти андоз мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи истехсолоти ичро» ба ичро расонида мешавад.
  3. Барои максадхои хамин боб суратхисобхои муассисахои давлати, ки дар макоми ваколатдори давлати оид ба ичрои бучет кушода шудаанд, ба суратхисобхои бонки ва макоми ваколатдори давлати оид ба ичрои бучет бошад, ба ташкилотхои карзи баробар дониста мешаванд.
  4. Дар сурате, ки агар андозсупорандае, ки нисбат ба у чорахои мачбуран ситонидани андозхо амали шуда истодаанд, накшаи вокеии бехбудии вазъи молиявиро пешниход намояд, макоми андоз ва андозсупоранда метавонанд ба мухлати то 6 мохи пай дар пайи таквими оид ба тартиб ва мухлатхои пардохти карзи андоз шартнома банданд. Рохбари макоми ваколатдори давлати метавонад иловатан шартномаи зикршударо бо андозсупоранда ба мухлати то 6 мохи пай дар пайиминбаъда дароз намояд. Хамзамон ичрои карорхои каблан кабулгардида оид ба истифодабарии тадбирхои мачбуран ситонидани андозхо ба мухлати амали шартнома боздошта мешавад. Мухлати ичрои шартномаи мазкур ва боздошта шудани карорхои каблан кабулгардидаи макоми андоз оид ба истифодабарии чорахои мачбуран ситонидани андозхо наметавонад дароз карда шавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …