Главная / Ҷамъият / Кафолати таъмини оби нӯшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ

Кафолати таъмини оби нӯшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ

Моддаи 60-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кафолати таъмини оби нӯшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ

1.Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, моликони системаҳо, ташкилотҳои обрасонии оби нӯшокӣ мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нӯшокӣ ба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки  мутобиқи талаботи меъёрӣ муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳои эҳтиётӣ ва системаи обрасонии оби нӯшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаҷамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нӯшокӣ дар зарфҳо ё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умум таъмин намоянд.

2.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси ихтиёрӣ оид ба таъминоти якҷояи об ташкилотҳои ғайридавлатӣ таъсис додва метавонанд.

3.Ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи об ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як маҳалла ё гурўҳи маҳалҳои аҳолинишин бо иштироки тамоми аҳолӣ ва ё як қисми аҳолӣ бо мақсади сохтмони шабакаи нав, барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, бо обтаъминкунӣ, дар ҳолати  корӣ нигоҳ доштан, маблағгузорӣ ва баҳрабардорӣ аз шабакаҳои истифодаи умум ташкил карда мешаванд.

4.Давлат ташкилотҳои ғайридавлатии таъминоти якҷояи обро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ташаккули онҳо мусоидат менамояд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …