Главная / Чамъият / Кафолати таъмини оби нушоки хангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва гайримарказонидашудаи обрасонии оби нушоки

Кафолати таъмини оби нушоки хангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва гайримарказонидашудаи обрасонии оби нушоки

Моддаи 60-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Кафолати таъмини оби нушоки хангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва гайримарказонидашудаи обрасонии оби нушоки

1.Макомоти хокимияти ичроия дар махалхо, моликони системахо, ташкилотхои обрасонии оби нушоки мутобики салохияташон хангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва гайримарказонидашудаи обрасонии оби нушоки, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нушоки ба истифодабарандагон ё боиси номувофик шудани сифати обе, ки  мутобики талаботи меъёри мукаррар гардидааст, бояд барои бо оби нушоки таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин максад манбаъхои эхтиёти ва системаи обрасонии оби нушоки, воситахои техникии маиши ва дастачамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нушоки дар зарфхо ё расонидани онхоро дар зарфхо (систернахо) барои истифодаи умум таъмин намоянд.

2.Шахсони вокеи ва хукуки дар асоси ихтиёри оид ба таъминоти якчояи об ташкилотхои гайридавлати таъсис додва метавонанд.

3.Ташкилотхои гайридавлатии таъминоти якчояи об чихати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як махалла ё гурухи махалхои ахолинишин бо иштироки тамоми ахоли ва ё як кисми ахоли бо максади сохтмони шабакаи нав, баркарорсозии шабакахои мавчуда, бо обтаъминкуни, дар холати  кори нигох доштан, маблаггузори ва бахрабардори аз шабакахои истифодаи умум ташкил карда мешаванд.

4.Давлат ташкилотхои гайридавлатии таъминоти якчояи обро дастгири намуда, чихати ташаккули онхо мусоидат менамояд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …