Главная / Чамъият / Рад кардани тарчумон

Рад кардани тарчумон

Моддаи 44-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Рад кардани тарчумон 

  1. Тарчумон хангоми мавчуд будани асосхои дар кисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида, хамчунин дар холате, ки бесалохиятии у ошкор мегардад, дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок карда наметавонад.
  2. Хангоми мавчуд будани ин асосхо шахси ба чавобгарии маъмури кашидашаванда, намояндаи конунии у, химоятгар, инчунин чабрдида ва намояндагони у нисбат ба тарчумон раддия арз карда метавонанд.
  3. Дар холати ошкор гардидани бесалохиятии тарчумон шохиде, ки нишондодашро тарчумон тарчума кардааст, нисбат ба у раддия арз карда метавонад.
  4. Каблан ба сифати тарчумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани у асос шуда наметавонад.
  5. Масъалаи рад кардани тарчумон хангоми пешбурди парванда мутаносибан аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) ё прокурор, дар мурофиаи суди аз чониби суд ё судяе, ки парвандаро барраси мекунад, хал карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …