Главная / Ҷамъият / Назорати камералӣ

Назорати камералӣ

Моддаи 37-и Кодекси Андоз. Назорати камералӣ

  1. Назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омўзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад. Назорати камералӣ қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳо мебошад.
  2. Назорати камералӣ аз ҷониби кормандони ваколатдори мақомоти андоз тибқи вазифаҳои хизматии онҳо бе ягон қарори махсуси (амрномаи) роҳбари мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
  3. Дар ҳолате, ки агар дар ҷараёни назорати камералӣ вайронкуниҳои эҳтимолии қонунгузории андоз ошкор шаванд, ба андозсупоранда огоҳинома бо талаби дар мўҳлати 5 рўзи корӣ пешниҳод кардани тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва (ё) иҷро намудани дигар ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур фиристода мешавад.
  4. Агар ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи назорати камералӣ ошкор шудаанд, боиси тағйир ёфтани маблағи ўҳдадории андози андозсупоранда шаванд, корманди мақомоти андоз, ки назорати камералиро амалӣ намудааст, ўҳдадор аст санади назорати камералӣ тартиб диҳад.Тартиб додани санади назорати камералӣ ва қабули қарори мақомоти андоз аз рўи натиҷаҳои он бо шакли муайяннамудаи Кодекси мазкур барои санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз амалӣ карда мешаванд.
  5. Назорати камералӣ аз ҷумла оид ба масъалаҳои зерин анҷом дода мешавад:

-мутобиқат байни маълумоту ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда ва маълумоту ҳуҷҷатҳое, ки дар мақомоти андоз мавҷуданд;

-бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;

-қонунӣ будани истифодаи низомҳои андоз;

-қонунӣ будани истифодаи имтиёзҳои андоз.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …