Главная / Чамъият / Масъулияти кормандон барои корпартоихои гайриконуни

Масъулияти кормандон барои корпартоихои гайриконуни

Моддаи 326-и Кодекси Мехнат. Масъулияти кормандон барои корпартоихои гайриконуни

  1. Ташкили корпартои, ки суд онро гайриконуни донистааст ё худ иштирок дар он хамчун вайрон кардани интизоми мехнат эътироф гардида, боиси татбики чорахои чазои интизомии пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон шуда метавонад.
  2. Бо рохи зури ё тахдид ба корпартои мачбур кардани корманд манъ аст.
  3. Зарари ба сохибмулк аз корпартоии гайриконуни расида, ки бо карори коллективи мехнати гузаронида шудааст, аз хисоби ташкилот бо тарики суди чуброн карда мешавад.
  4. Агар корпартоии гайриконуни бо ташаббуси иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз хисоби иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон чуброн карда мешавад.
  5. Шахсоне, ки манфиати тарафхоро муаррифи намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …