Главная / Ҷамъият / Бузургиҳои (параметрҳои) асосии созишнома

Бузургиҳои (параметрҳои) асосии созишнома

Моддаи 316-и Кодекси Андоз. Бузургиҳои (параметрҳои) асосии созишнома

  1. Маҳсулоти истеҳсолшуда бояд байни давлат ва сармоягузор мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва Кодекси мазкур баста шудааст, тақсим карда шавад.
  2. Бо мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ба андозаи хароҷоти воқеан анҷомдодашуда, вале на бештар аз маҳсулоти ҷубронии муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор ҷуброн карда шавад. Дар айни ҳол маҳсулоти ҷубронӣ дар ҳар як давраи андоз (ҳисобот) наметавонад аз андозае, ки мутобиқи моддаи 314 Кодекси мазкур муайян карда шудааст, зиёдтар бошад.
  3. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот, аз ҷумла бо мақсадҳои ҳамин боб, бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

1) Дар сурати бастани созишнома тибқи шартҳои қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:

а) муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳалли тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;

б) муайян намудани қисми маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳсулоти ҷуброниро ташкил медиҳад;

в) тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти фоиданок байни давлат ва сармоягузор.

2) Дар сурати бастани созишнома мутобиқи шартҳои қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:

а) муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳалли тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;

б) тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор ё эквиваленти арзишии ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда. Таносубҳои чунин тақсимкунӣ дар созишнома вобаста ба баҳодиҳии геологӣ-иқтисодӣ ва арзишии конҳои маъданҳои фоиданок, лоиҳаи техникӣ, нишондиҳандаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ муайян карда мешаванд.

3) Дар ҳамаи ҳолатҳои бастани созишнома мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:

а) аз ҷониби сармоягузор ба давлат додани қисми маҳсулоти истеҳсолшудаи мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба давлат тааллуқдошта ё эквиваленти арзишии он;

б) қисми маҳсулоти мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор тааллуқдоштаро гирифтани сармоягузор.

  1. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот метавонад танҳо як усули тақсими маҳсулотро, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, пешбинӣ намояд. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот наметавонад гузариш аз як усули тақсими маҳсулот ба усули дигарро, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, муайян кунад, ҳамчунин наметавонад иваз кардани як усули тақсими маҳсулотро ба усули дигар пешбинӣ намояд.
  2. Фаъолияти сармоягузор дар бобати иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фаъолияти шахси ҳуқуқии мустақил – корхонае, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …