Главная / Ҷамъият / Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда

Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда

Моддаи 306-и Кодекси Андоз. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда

  1. Низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ (минбаъд – андоз аз бизнеси бозӣ) низоми махсуси андоз мебошад, ки субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳои бизнеси бозӣ, ки андозбандии онҳо дар манбаи пардохт амалӣ карда мешавад, ўҳдадоранд истифода намоянд.
  2. Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

– бизнеси бозӣ – фаъолияти соҳибкорӣ, ки бо гирифтани  даромадҳои шахс дар шакли бурд ва (ё) пардохтҳо барои гузаронидани бозӣ ва (ё) гарав ва (ё) баровардани лотерея алоқаманд буда,  таҳвили молҳо (ҳуқуқ ба молумулк), иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо намебошад;

– гарав – созишномаи ба таваккал асосёфта доир ба бурд, ки байни ду ё якчанд иштирокчиёни бизнеси бозӣ байни худ ё бо субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ баста шудааст ва натиҷаи он аз ҳодисае вобаста аст, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест;

– мизи бозӣ – ҷойи махсуси бо як ё якчанд майдони бозӣ таҷҳизонидашудаи субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) пешбинӣ гардида, дар он субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ ба воситаи намояндагони худ ҳамчун тараф ё чун ташкилкунанда иштирок менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;

– автомати бозӣ – таҷҳизоти махсуси (механикӣ, барқӣ, электронӣ ё дигар таҷҳизоти техникӣ) ва (ё) компютери шахсӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) бе иштироки субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ дар бозиҳои мазкур истифода мешаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;

– кассаи тотализатор ё идораи букмекерӣ – ҷои махсуси таҷҳизонидашудаи соҳиби бизнеси бозӣ, ки дар он маблағи гарав ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи бурди пардохтшаванда муайян карда мешавад;

– роҳрави бозӣ – роҳрави махсус, ки барои бозии боулинг (кегелбан) пешбинӣ гардидааст;

– мизи билярд – мизи махсус, ки барои бозии билярд пешбинӣ шудааст;

– лото – бозӣ бо қартаҳои махсуси рақамдор (суратдор ё дигар аломатдор), ки бо мўҳрача (фишка) пўшонида мешаванд;

– лотерея –бозии омавиимуташаккилона мебошад, ки дар он тақсимоти даромад ва зарар аз тасодуфан гирифтани ин ё он чипта ё рақам (қуръа, лот) ва ҳаҷми фонди мукофот барои ҳар барориши лотерея вобастааст. Як қисми маблағҳои супоридаи бозингарон ба ташкилкунандагони лотерея равона шуда, қисми дигари ондар шакли андоз ба давлат пардохт карда мешавад;

– дигар объектҳои бизнеси бозии аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда, ки барои гирифтани даромад истифода бурда мешаванд;

– барориши лотерея – шумораи чиптаҳои лотереяҳои аз ҷониби ташкилкунандаи лотерея барои фурўш тайёршуда;

– варақаи бақайдгирии объектҳои андозбандӣ – санади тасдиқкунандаи бақайдгирии объектҳои андозбандии марбут ба бизнеси бозӣ дар мақомоти андоз, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.

  1. Истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз пардохти чунин андозҳо, ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишуда озод мекунад:
  • андоз аз фоида аз бизнеси бозӣ;
  • андоз аз даромад бевосита аз даромадҳои бизнеси бозии соҳибкори инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мекунад;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи барои хизматрасониҳои (корҳои) ба ғайрирезидент таҳвилшуда ва марбут ба воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Шахсоне, ки илова бар бизнеси бозӣ дигар намудҳои фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, ўҳдадоранд ҳисоби алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва фаъолияти хоҷагидориро пеш баранд ва дар асоси Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд.
  2. Шахсоне, ки андоз барои бизнеси бозиро истифода менамоянд аз иҷрои ўҳдадориҳои агенти андози пешбинишудаи Кодекси мазкур озод карда намешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …