Главная / Ҷамъият / Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ

Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ

Моддаи 298-и Кодекси Меҳнат. Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ

Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

– ҳатман бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар сурати манфиатдор будани кормандон ва ё корфармо дар шахси намояндагони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– баробарҳуқуқии тарафҳо;

– ваколатдории намояндагони тарафҳо;

– эҳтироми манфиати тарафҳо;

– интихоби озод дар баррасии масъалаҳое, ки мазмуни созишнома ва шартномаҳои коллективиро ташкил медиҳанд;

– ихтиёрӣ аз ҷониби тарафҳо қабул намудани уҳдадориҳо;

– иҷрои ҳатмии муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективии аз ҷониби тарафҳо қабулгардида;

– ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳо, қарорҳо, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

– назорати мутақобила ва самимият (ошкоро) дар назди шарикон;

– дурустӣ ва мунтазамии иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти тарафҳо.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …