Главная / Ҷамъият / Мўҳлати пардохтҳо

Мўҳлати пардохтҳо

Моддаи 282-и Кодекси Андоз. Мўҳлати пардохтҳо

  1. Маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) барои соли ҷории андоз аз ҷониби андозсупорандагон, ба истиснои шахсони воқеие, ки чунин молу мулки ғайриманқулро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, дар мўҳлатҳои зерин супорида мешавад:

-барои ба объектҳои ғайриманқули (қитъаҳои заминҳо ва (ё) объектҳои ғайриманқули) дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда  – на дертар аз 15-уми феврал (бо тартиби пешпардохт), 15-уми май, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона;

-барои ба объектҳои ғайриманқули (қитъаҳои заминҳо ва (ё) объектҳои ғайриманқули) берун аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгиршуда – на дертар аз 15-уми феврал (бо тартиби пешпардохт), 15-уми май, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 15 фоиз, 35 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.

  1. Аз ҷониби шахсони воқеие, ки молу мулки ғайриманқули андозбандишавандаро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) барои соли ҷории андоз дар мўҳлатҳои на дертар аз 15-уми июн, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 33 фоиз, 66 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона супорида мешавад.
  2. Андозсупоранда ўҳдадор аст пардохтҳои андоз аз молу мулки ғайриманқулро дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда иҷро намояд.Ҳангоми дар мўҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани пардохтҳо аз рўи ҳар яке аз андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз ҷониби мақоми андоз барои батаъхиргузории пардохт фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
  3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад дар ҳар давраи соли ҷории андоз қисми боқимондаи пардохтнашудаи маблағи ҳар як андоз аз молу мулки ғайриманқулро бо як пардохт пеш аз мўҳлат супорад.
  4. Новобаста аз муқаррароти қисмҳои 1-4 ҳамин модда, андозсупоранда метавонад мутобиқи аризаи хаттӣ, ки ҳамчун ҳисоботи андоз ба ҳисоб меравад, маблағи пурраи андозҳои молу мулки ғайриманқулро дар мўҳлати якуми пардохти муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин моддасупорад.
  5. Назорати супоридани андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро мақомоти андоз амалӣ менамоянд.
  6. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, инчунин шаклҳои эъломияҳоро (ҳисоботҳоро) мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …