Манбаи андоз
Meg S
19.03.2018
Ҷамъият
82 Показы
Моддаи 272-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

- Манбаи андоз барои ҳисоб намудани андози замин масоҳати қитъаи замини дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замини истифодабарандаи замин пешбинигардида ё масоҳати қитъаи замине, ки ў амалан истифода мекунад (дар ихтиёр дорад), ба истиснои заминҳои аз пардохти андоз озодшуда, мебошад.
- Ба масоҳати андозбандишаванда ҳамаи заминҳои вобасташуда, аз ҷумла заминҳои зери биноҳо, иншоот, қитъаҳои замине, ки барои нигоҳдории онҳо заруранд, объектҳои минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ, минтақаҳои техникӣ ва ғайра дохил мешаванд.
- Барои воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ манбаи андоз масоҳати қитъаи замине мебошад, ки ба ин филиал (намояндагӣ) дар шаҳри (ноҳияи) дахлдор вобаста шудааст.
Кодекси Андоз 2018-03-19