Моддаи 250-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳои андоз
Бо ин андоз инҳо андозбандӣ карда намешаванд:
-муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ мабалғгузорӣ мешаванд, ба истиснои фаъолияти андозбандишаванда барои хизматрасониҳои пулакӣ;
-иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ, ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ ба истиснои хароҷот ва даромадҳои марбут ба фаъолияти соҳибкории онҳо.