Тартиби пардохти роялти барои истихроҷ
Meg S
16.03.2018
Ҷамъият
70 Показы
Моддаи 238-и Кодекси Андоз. Тартиби пардохти роялти барои истихроҷ

- Давраи андоз (ҳисоботӣ) оид ба муайян ва пардохткарданироялти барои истихроҷ моҳи тақвимӣ мебошад.
- Эъломияи (ҳисоби) роялти барои истихроҷ аз ҷониби истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рўи шакл ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавии кон то санаи 15-уми моҳе, ки пас аз давраи ҳисоботии андозӣфаро мерасад,пешниҳод карда мешавад.
- Роялти барои истихроҷи тамоми намудҳои маъданҳои фоиданок дар мўҳлати на дертар аз рўзи 15-уми моҳе, ки пас аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, пардохт мешавад.
Кодекси Андоз 2018-03-16