Главная / Ҷамъият / Мўҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ

Мўҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ

Моддаи 230-и Кодекси Андоз. Мўҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ

  1. Бонуси кашфи тиҷоратӣ ба буҷет на дертар аз 90 рўз аз санаи додани иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ё аз рўзи аз ҷониби мақоми давлатии барои ин мақсадҳо ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани ҳаҷми захираҳои маъданҳои фоиданоки ба таври иловагӣ истихроҷшаванда ё аз санаи аз ҷониби мақоми давлатии мазкур тасдиқ намудани ҳаҷми захираҳои истихроҷшавандаи маъданҳои фоиданок пардохт мешавад.
  2. Бонуси кашфи тиҷоратиимаъданҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ дар маҳалли ҷойгиршавии кон пардохт мешавад.
  3. Доир ба конҳои ҷудогонаи маъданҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мўҳлати дигари пардохти бонуси кашфи тиҷоратиро муқаррар намояд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …