Главная / Ҷамъият / Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризамин

Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризамин

Моддаи 221-и Кодекси Андоз. Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризамин

  1. Шартҳои пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ(минбаъддар фасли мазкур -низоми андозбандӣ), ки барои ҳар як истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣмутобиқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд, дар қарордоди истифодабариисарватҳои зеризаминӣ (минбаъд дар фасли мазкур-қарордоди) байни истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣва мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар фасли мазкур – мақоми салоҳиятдор) дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда муайян карда мешаванд.
  2. Қарордод байни истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣва мақоми салоҳиятдор, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад, дар мўҳлати на дертар аз 3 моҳи тақвимии пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) баста мешавад.
  3. Истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бе бастани қарордод иҷозат дода намешавад. Ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бе бастани қарордод андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ (бонусҳо ва роялти барои истихроҷ) барои ҳамаи давраи чунин фаъолият бояд бо меъёри 2-каратаи меъёрҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, пардохт карда шуда, минбаъд истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣмувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  4. Низоми андозе, ки дар қарордод муқаррар карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи бастани (имзо намудани) қарордод мувофиқат намояд.
  5. Ворид намудани масъалаҳои вобаста ба супоридани андозҳо ба иҷозатномаҳо ва дигар асноде, ки бо истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд мебошанд, ба истиснои қарордодҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, манъ аст.
  6. Дар ҳолате ки истифодаи сарватҳои зеризаминиро бо як қарордод якчанд андозсупорандагон амалӣ менамоянд, низоми андозбандии дар қарордод муқарраршуда барои ҳамаи онҳо ягона мебошад.Дар баробари ин,аз рўи фаъолияти дар доираи чунин қарордод иҷрошаванда андозсупорандагон барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун андозсупорандаи ягона ҳисоб ёфта, онҳо ўҳдадор мебошанд баҳисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд ва ҳамаи андозҳо барои истифодабарии сарватҳои зеризаминии дар қарордод муқарраршударо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.
  7. Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ўҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаро барои ҳисоб кардани ўҳдадориҳои андоз мутобиқи низоми андозбандии пешбининамудаи қарордод ва ҳисоб кардани ўҳдадориҳои андоз оид ба фаъолияте, ки аз доираи чунин қарордод берун аст (аз ҷумла бо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд набуда), амалӣ намояд.
  8. Муқаррароти қисми 7ҳамин модда дар мавриди баҳисобгирии алоҳида дар ҳолатҳое, ки истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣдар баробари фаъолият тибқи қарордоди истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ ва (ё) обҳои зеризаминӣ фаъолиятеро анҷом медиҳанд, ки аз доираи чунин қарордодҳо берун аст (ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ вобаста нест) татбиқ намегарданд.
  9. Ҳангоми бо мақсади соҳибкорӣ коркард намудани маъданҳои фоиданоки ҳамроҳ ва қанданиҳои дигари дар қарордод зикрнагардида истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣдоир ба онҳо то ворид намудани тағйирот ба қарордод пардохти андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминиро бо меъёри 3-карата мувофиқи муқаррароти боби мазкур анҷом медиҳанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …