Моддаи 198-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Судҳое, ки қарор ё таъинотро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ менамоянд
Қарор ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якумро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида суде, ки қарор ё таъинотро баровардааст, аз нав баррасӣ менамояд. Аз нав баррасӣ кардани қарор ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратиро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргадида, ки дар асоси онҳо санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст, суде анҷом медиҳад, ки санадро тағйир додааст.