Главная / Чамъият / Хукук ва ухдадорихои асосии корфармо

Хукук ва ухдадорихои асосии корфармо

Моддаи 19-и Кодекси Мехнат. Хукук ва ухдадорихои асосии корфармо

  1. Корфармо хукук дорад:

– ба интихоби озод хангоми кабул ба кор, ба истиснои баъзе гурухи шахсон, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои онхо имтиёз мукаррар кардааст;

– ба бастан, тагйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи бо тартиб ва шартхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– ба идоракунии ташкилот ва кабули санадхои меъёрии дохили (локали) дар доираи ваколатхои худ, ки ичрои онхо барои кормандон хатмист;

– бо максади муаррифи ва химояи хукук ва манфиатхои худ иттиходияхо таъсис дихад, ба чунин иттиходияхо шомил гардад ва дар кори онхо иштирок намояд;

– аз кормандон ичрои шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, коидахои тартиботи дохилии мехнати ва дигар санадхои корфарморо талаб намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои хавасмандгардони ва ба чавобгари кашидани кормандон чорахо андешад;

– ба руёнидани чуброни зарар, ки корманд хангоми ичрои ухдадорихои мехнати расондааст;

– барои хифзи хукук ва манфиатхои конуниаш дар сохаи мехнат ба суд мурочиат намояд;

– ба корманд бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мухлати санчиши мукаррар намояд;

– ба руёнидани харочотхои худ хангоми аз тарафи корманд вайрон намудани шартхои шартномаи тахсил;

– дорои дигар хукукхое мебошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

  1. Корфармо ухдадор аст:

– талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои меъёрии дохили (локали)-ро риоя намояд;

– хангоми кабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон шартномаи мехнати бандад;

– талаботи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба бехатари ва хифзи мехнат, бехатарии сухтор ва санитарию гигиениро дар чойи кор таъмин намояд;

– ба корманд кореро, ки шартномаи мехнати пешбини намудааст, пешниход намояд;

– сари вакт ва дар хачми пурра ба корманд музди мехнат ва дигар иловапулихоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санадхои корфармо пешбини намудаанд, пардохт намояд;

– кормандро бо коидахои тартиботи дохилии ташкилот, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, дигар санадхои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алокаманд мебошад, шинос намояд;

– ба намояндагони кормандон иттилооти пурра ва дурустро барои пешбурди гуфтушунидхои коллективи, бастани созишнома ва шартномахои коллективи, инчунин назорати ичрои онхо пешниход кунад;

– таклифхои намояндагони кормандонро барраси ва гуфтушунидхои коллективиро тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон доир намуда, шартномаи коллективи бандад;

– шароити мехнати кормандонро мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи таъмин намояд;

– кормандонро бо тачхизот, асбобхо, хуччатхои техники ва дигар воситахо, ки барои ичрои ухдадорихои мехнати заруранд, аз хисоби воситахои худи таъмин намояд;

– санадхои макомоти ваколатдори давлати ва чамъиятиро дар сохаи мехнат ичро намояд;

– корро боздорад, агар давом ёфтани он ба амният, хаёт, саломатии кормандон ва дигар шахсон тахдид намояд;

– сугуртаи хатмии давлатии ичтимоии кормандонро амали намояд;

– кормандро аз ходисахои нохуш хангоми ичрои ухдадорихои мехнати сугурта намояд;

– ба корманд тибки тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рухсатихо дихад;

– хифз ва ба бойгонии давлати супоридани хуччатхоро, ки фаъолияти мехнатии кормандонро тасдик мекунанд ва маълумот дар бораи нигох доштан ва гузаронидани маблагро ба таъминоти нафака таъмин намояд;

– дар бораи мехнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитхои хавфноки мехнати ва эхтимолияти беморихои касби ба корманд хабар расонад;

– оид ба рафъи хавф дар чойи кор ва дар равандхои технологи чорахо андешида, бо назардошти пешравии илмию техники ва истехсоли корхои пешгирикунанда гузаронад;

– вакти кор, аз чумла изофакори, мехнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитхои хавфноки мехнат, корхои вазнинро, ки хар як корманд ичро менамояд, дакик ба хисоб гирад;

– тачрибаомузи, тайёрии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси кормандонро тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– зарари ба хаёт ва саломатии корманд хангоми ичрои ухдадорихои мехнати расидаро тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн намояд;

– ба таъсиси иттифоки касаба ва дигар макомоти намояндагии кормандон мамониат накунад;

– шахсони мансабдори макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли, намояндагони кормандон, нозирони чамъияти оид ба хифзи мехнатро барои гузаронидани санчиши холати бехатари, шароит ва хифзи мехнат дар ташкилотхо, риояи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин барои тафтишоти ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби бемамониат рох дихад;

– пешбурди махзани маълумоти кормандонро таъмин намояд;

– ба бархурди манфиатхо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ кардаанд, рох надихад;

– дигар ухдадорихоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, ичро намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …