Главная / Ҷамъият / Андоз аз арзиши иловашуда

Андоз аз арзиши иловашуда

Моддаи 183-и Кодекси Андоз. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян намудани пардохтҳо ба буҷет дар ҳолати истифодаи меъёри стандартӣ ба ҳисоб гирифта мешавад

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда маблағи андозе мебошад, ки андозсупоранда тибқи ҳисобнома – фактураҳои оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои ба вай пешниҳодшуда, бо дарназардошти талаботи қисми 4 ҳамин модда ва фаро расидани вақти амалиёти андозбандишавандаи воридоти молҳо дар давоми давраи ҳисоботӣ тибқи моддаи 178 Кодекси мазкур ва амалиётҳои андозбандишаванда, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳоро пешбинӣ намуда, тибқи моддаи  174 Кодекси мазкур дар давраи ҳисоботӣ иҷрошуда ҳисобида мешаванд,бояд пардохт намояд (пардохт кардааст). Ҳамзамон, баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар ҳолате  иҷозат дода мешавад, ки агар молҳо, корҳо ё хизматрасониҳои дар ҳамин қисмпешбинишуда барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда истифода шаванд ё бояд истифода гарданд, ҳатто агар ин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ба хароҷоти истеҳсолӣ дохил карда нашаванд. Барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти молҳо чунин андоз аз арзиши иловашуда бояд воқеан ба буҷет пардохт шавад.
  2. Маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳолати истифодабарии меъёри стандартӣ, ки тибқи қисми 1 ҳамин модда баҳисобгирифташаванда дониста шудаанд, инҳо мебошанд:

-маблағи андозе, ки бояд ба таҳвилкунандагон тибқи ҳисобнома-фактураҳои ба номи (номгўи) андозсупоранда пешниҳодшуда бо ҷудо кардани андоз аз арзиши иловашуда пардохт шавад;

-маблағи андозе, ки дар эъломияи гумрукии бор мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда нишон дода,мувофиқи тартиби муқарраршуда ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудааст ва мутобиқи шартҳои низоми гумрукӣ бояд баргардонида нашавад;

-маблағи андози дар чиптаи роҳкиро пешбинишуда, ки дар нақлиёти роҳи оҳан ё ҳавоӣ дода мешавад;

-маблағи андозе, ки дар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби таҳвилкунандагони хизматҳои коммуналӣ истифодашаванда зикр шудааст ва ҳисоббаробаркунии онҳо тавассути бонкҳо анҷом дода мешавад.

  1. Андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин моддадар ҳамон давраи андозбандӣ, ки молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) гирифта шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  2. Дар мавриди андоз аз арзиши иловашудае, ки андозсупоранда тибқи ҳисобнома – фактураҳои ба вай пешниҳодшудаи андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти мол ва амалиёти андозбандишаванда, ки қисман барои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда ва қисман барои дигар мақсадҳо пешбинӣ шудааст, бояд пардохт намояд (пардохт кардааст), ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад (агар муайян намудани вазни қиёсии мақсадҳои истифодабарии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) ба воситаи воридот ва дар доираи дигар амалиёти андозбандишаванда харидашуда бевосита дар давоми давраи андоз, ки онҳо гирифта шудаанд, имконпазир бошад).
  3. Дар ҳолатҳои зерин ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашудае, ки пардохт шудааст (бояд пардохт шавад), иҷозат дода намешавад:

-автомобилҳои сабукрав, ба истиснои фурўш ва ба иҷора додани онҳо аз ҷониби шахсе, ки фурўш ва ба иҷора додани автомобилҳо барои ў намуди асосии фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад;

-хароҷоти фароғат ё намояндагӣ, хароҷот барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва ё иҷтимоӣ;

-ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки дар онҳо маблағи андоз аз арзиши иловашудаи аз амалиётҳои андозбандишавандаи мазкур ситонидашаванда дар ин ҳисобнома-фактураҳо мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур ба маблағи алоҳида ҷудо карда (нишон дода) нашудааст;

-хароҷот барои корҳои иктишофи геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ;

-хароҷот барои харид, истеҳсол, сохтмон, насб ва васлкунӣ, инчунин барои барқарор намудани (таъмири) воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва дороиҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда, новобаста бамаблағи хароҷот;

-хароҷот аз рўи молҳое (кор, хизматрасоние), ки аз шахсони бинобар беасос пешниҳод намудани ҳисобнома-факутураҳои андози арзиши иловашуда андозсупорандагони бемасъулият эътирофгардида харидорӣ шудаааст;

-тамоми хароҷот дар ҳолати истифодаи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои хароҷоти вобаста ба воридоти андозбандишаванда барои шахсони дар қисми 2 моддаи 181 Кодекси мазкур пешбинигардида.

  1. Дар ҳолате, ки агар андозсупорандаи истифодабарандаи меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва амалиёти аз андоз аз арзиши иловашуда озод дошта бошад, барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки мутобиқи моддаи 185 Кодекси мазкур муайян шудааст, қабул карда мешавад. Агар андозсупоранда танҳо амалиёти озод дошта бошад, ба ҳисоб гирифтан иҷозат дода намешавад. Қисми 4ҳамин модда қабл аз истифодаи ҳамин қисмбо дарназардошти муқаррароти моддаи 184 Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинигардида, вақте ки дар ҳолати истифодабарии меъёри стандартӣ андоз аз арзиши иловашудаи дар ҳисобнома – фактура ё эъломияи андоз аз арзиши иловашуда зикргардида нисбат ба андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд андозсупоранда пардозад, зиёд бошад, ба андозсупоранда ба ҳисоб гирифтани маблағи зиёдатӣ дар давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳолати дар қисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда ҷой дошт, иҷозат дода мешавад (яъне кам кардани ўҳдадориҳои андозсупоранда оид ба андоз ба ҳаҷми маблағи зиёдатӣ иҷозат дода мешавад).
  3. Дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки моддаи 261 Кодекси мазкур муқаррар кардааст, баҳисобгирии маблағи андоз аз фурўши алюминийи аввалия дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  4. Новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда ба ҳисоби пардохти андоз аз арзиши иловашуда маблағи воқеии аз ҷониби андозсупоранда барои гирифтани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур пардохтшуда ба ҳисоб гирифта мешавад (ба истиснои истифодабарандаи меъёри пасткардашуда).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …