Главная / Ҷамъият / Амалиёте, ки агент анҷом медиҳад

Амалиёте, ки агент анҷом медиҳад

Моддаи 180-и Кодекси Андоз. Амалиёте, ки агент анҷом медиҳад

  1. Агар дар қисмҳои 2-3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо аз тарафи шахсе, ки агенти (шахси бовариноки) шахси дигар (ваколатдиҳанда) мебошад, бо супориш ё аз номи ин шахси дигар (ваколатдиҳанда) анҷом дода мешаванд, амалиёти иҷронамудаи шахси ваколатдиҳанда ба ҳисоб меравад.
  2. Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба хизматрасониҳои агент ба шахси ваколатдиҳанда татбиқ карда намешавад.
  3. Қисми 1 ҳамин модда нисбат ба таҳвили молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби агенти резидентии шахсе, ки резидент набуда, ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, татбиқ намегардад. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда таҳвил аз тарафи агент анҷомшаванда ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …