Главная / Ҷамъият / Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард

Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард

Моддаи 157-и Кодекси Меҳнат. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористӣ, инчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав

  1. Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар назадаанд, музди миёнаи моҳонаи ў пардохт карда мешавад.
  2. Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рўи кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад.
  3. Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар задааст, музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъд аз мувофиқа бо намояндагони кормандон муайян мекунад, пардохт карда мешавад.
  4. Нуқси маҳсулот дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳонӣ дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъд аз қабули маҳсулот аз ҷониби мақомоти назорати техникӣ маълум гардидааст, баробар бо маҳсулоти коршоям пардохт карда мешавад.
  5. Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …