Главная / Ҷамъият / Эҳтимолияти бегуноҳӣ

Эҳтимолияти бегуноҳӣ

Моддаи 15-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Эҳтимолияти бегуноҳӣ 

  1. Шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси мансабдор ё ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, то гуноҳаш дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур исбот нагардад ва бо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар доираи салоҳияти худ парвандаро баррасӣ кардаанд, муқаррар карда нашавад, бегуноҳ дониста мешавад.
  2. Шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ӯҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот намояд.
  3. Шубҳаҳои бартарафнашаванда дар хусуси гунаҳгор будани шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ба манфиати ӯ маънидод карда мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …