Главная / Ҷамъият / Даромадҳо ва тарҳҳо аз рўи қарордодҳои дарозмўҳлат

Даромадҳо ва тарҳҳо аз рўи қарордодҳои дарозмўҳлат

Моддаи 148-и Кодекси Андоз. Даромадҳо ва тарҳҳо аз рўи қарордодҳои дарозмўҳлат

  1. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда истифода бурдани баҳисобгирӣ тибқи усули ҳисобу замкунӣ, даромадҳо ва тарҳҳои марбут ба қарордодҳои дарозмуддат барои ҳар як соли тақвимӣ мутобиқи ҳаҷми иҷрои воқеии онҳо нишон дода мешаванд.
  2. Ҳаҷми иҷрои қарордод тавассути муқоисаи хароҷоти дар давоми соли тақвимӣ суратгирифта бо хароҷоти умумии баҳогузории тибқи чунин қарордод пешбинишуда муайян мегардад.
  3. Таҳти мафҳуми «қарордоди дарозмуддат» қарордод барои истеҳсол, насб ё сохтмон ё хизматрасонии вобаста фаҳмида мешавад, ки дар доираи соли тақвимӣ, ки дар он кори дар қарордод пешбинишуда оғоз гардида, ба охир расонида нашудааст, ба истиснои қарордодҳое, ки тибқи арзёбӣ бояд дар доираи 6 моҳи аз санаи оғози корҳои мувофиқи қарордод пешбинигардида ба анҷом расонида шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …