Главная / Ҷамъият / Ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 13-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ошкоро  будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ошкоро гузаронида мешавад.
  2. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ оид ба парвандаҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ, инчунин оид ба дигар парвандаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Муҳокима дар маҷлиси пӯшидаи судӣ, инчунин ҳангоми қонеъ кардани дархости шахсони иштирокчии парванда, ки ба зарурати нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ ё дигар сирре, ки қонун ҳифз менамояд, ишора мекунанд, ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ё дигар ҳолатҳое, ки ошкоро муҳокима кардани онҳо барои баррасии дурусти парванда халал мерасонанд ва ё боиси ифшои сирри зикршуда ё вайрон шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсон мегарданд, имконпазир аст.
  3. Шахсони иштирокчии парванда ва шахсони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта ҳуқуқ доранд дар шакли хаттӣ ё тариқи воситаҳои аудиоӣ ҷараёни муҳокимаи судиро аз ҷои нишаст сабт кунанд. Истифодаи воситаҳои суратгирӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизион танҳо бо иҷозати судя роҳ дода мешавад. Вақти  иҷрои ин амалҳоро раисикунанда метавонад маҳдуд намояд. Ин амалҳо набояд ба рафти мурофиаи судӣ халал расонанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …