Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

Имтиёзҳо барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

Моддаи 127-и Кодекси Меҳнат. Имтиёзҳо барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

  1. Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиҳонҳо, омодагӣ ва дифои кори дипломӣ аз ҷойи кор ба муддати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешаванд.
  2. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, ҳар ҳафтаи рўзҳои кориаш иборат аз шаш рўз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани кори дипломӣ ё супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ камаш як рўзи аз кор озод будан ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.
  3. Дар сурати аз панҷ рўз иборат будани ҳафтаи корӣ миқдори рўзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод будан боқӣ мемонад.
  4. Ба кормандоне, ки дар шуъбаҳои шакли ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки муассисаи таълимӣ воқеъ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …