Главная / Ҷамъият / Ситонидани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт

Ситонидани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт

Моддаи 127-и Кодекси Андоз. Ситонидани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт

  1. Фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент медиҳад ё аз номи чунин муассиса дода мешаванд, аз манбаи пардохт тибқи меъёри 12 фоиза аз маблағи додашаванда андозбандӣ мегарданд, агар даромад аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шавад, ба истиснои ҳолатҳоипешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда.
  2. Фоизҳое, ки ба ташкилотҳои қарзии резидентӣ, мақомоти молия, ширкатҳои резидентии иҷораи молиявӣ (лизингӣ), аз ҷумла тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) пардохт мешаванд, дар манбаи пардохт андозбандӣ намегарданд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  3. Фоизҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандӣ шудаанд, ба даромади умумии гирандаи онҳо – шахси воқеӣ дохил намешаванд ва дар оянда, баъди пардохти онҳо ба ин шахс, андозбандӣ намегарданд.
  4. Шахси ҳуқуқӣ – резидент, ки фоидаи он бояд андозбандӣ гардад, ҳангоми гирифтани фоизҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандишуда, тамоми маблағи даромади фоизиро бе тарҳи андози ситонидашуда ба даромади умумии худ дохил менамояд ва ҳуқуқ дорад ин андози аз манбаи пардохт нигоҳдошташударо, ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нигаҳдошти андоз дар манбаи пардохт, ба ҳисоб гирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …