Моддаи 118-и Кодекси оила. Индексацияи пардохтҳои алимент
- Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнатӣ тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.
- Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)