Главная / Илм /  МОДДАҲОИ ОРГАНИКӢ

 МОДДАҲОИ ОРГАНИКӢ

Моддаҳои мураккаб (масалан, сафедаҳо, рӯғанҳо, шакар ва ғайра), ки организми ҳайвонот, растаниҳо ва замбӯруғҳо мавҷуд хастанд, моддаҳои органикӣ номида мешаванд. Молекулаҳои моддаҳои органикӣ аз теъдоди сершумори молекулаҳо иборатанд.

Баъзе аз кислотаҳои барои Шумо маълум: лимӯӣ, сиркоӣ, мӯрчаӣ, туршакй, себй моддаҳои органикй номида мешаванд.

Ҳангоми баррасии формулаҳои онҳо маълум мегардад, ки онҳо аз теъдоди зиёди атомҳо иборатанд. Таври мисол, кислотаи валеряниро бигирем. Формулаи кимиёвии он СН3СН2СН2СН2СООН или СДСООН. аст.

Агар барои Шумо ҷолиб аст, пас Шумо метавонед бишуморед, ки дар молекулаи моддаи органикии мазкур чӣ қадар атомҳо мавҷуд мебошанд.

Моддаи органикии бароямон маълум – сафедии тухми мурғро баррасӣ мекунем. Ҳангоми шикастани пӯсти тухм ва ҷудо кардани сафеда ба зарф мебинем, ки вай ғализ мебошад.

Қатраи сафеда ба поён афтода, меёзад ва риштаи дарозро ташкил медиҳад. Аз ин метавон чунин хулоса баровард, ки сафеда дар муқоиса бо об нисбатан ғализтар буда, моеъи ғализ аст.

Ба пробирка андак сафеда ва обро рехта, онро биҷумбонед.

Аз рӯи ҷойгиршавии сафеда дар пробирка Шумо метавонед муайян кунед, ки кадоме аз онҳо вазнинтар аст: об ё сафеда.

Оё сафеда метавонад бо об омехта гардад?

Пробиркаро гарм намуда, таҷрибаро такрор бикунед. Дар ин маврид бо сафеда чй дигаргуние рух хоҳад дод?

Ҳамакнун дар бораи ин ки ба чй сабабе ин моддаро сафеда номгузорй кардаанд. Ҳангоми гарм кардан сафедаи моеъ шах туда, ранги сафедро ба худ қабул мекунад. Агар мо онро боз ҳам гарм кунем, вай зард гардида, сипас сиёҳ туда, месӯзад.

А Аломати аз ҳама асосии моддаҳои органикӣ ин хусусияти сӯзандагии онҳост.

Боз як мисол меоварем.

Ду пробиркаро мегирем. Ба яке аз онҳо намак ва ба дигараш шакар меандозем. Ҳарду модда ранги кристалии сафед доранд.

Пробиркаро гарм мекунем. Дар натиҷа, моддаи дар яке пробиркаҳо мавҷудбуда зарду сиёҳ гардида, месӯзад. Маълум мегардад, ки шакар моддаи органикй буда, намаки ошй моддаи ғайриорганикй мебошанд.

9 Пурсишҳо

  1. Оё растаниҳо, ҳайвонот ва одамон аз азот нафас гирифта метавонанд?
  2. Азот ба таркиби кадоме аз моддаҳои зиёда дохил мешавад?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …