Главная / Илм / МИАСТЕНИЯ

МИАСТЕНИЯ

miasteniyaМИАСТЕНИЯ (Myasthenia; юн. my[s] – мушак, astheneia – бекуввати), бемории асабу мушакхо, ки бо хастахоли ва заъфи мушакхо падид меояд. Мукаррар шудааст, ки сабаби асосии бемори ихтилоли аутоиммунии вобаста ба бемории гадудхои душоха ва халал ёфтани интиколи асабию мушакии симпати мебошад. Дар дунё ба хар 100 хаз. наф. бемор 3 – 5 наф. ашхоси гирифтори М. дучор меояд. Аз як оила чанд наф. бемор шуданашон мумкин аст, вале табиати ирси доштани М. то хол маълум нест.
Аломатхои болинии М. гуногун мебошанд. Бехоли бисёр вакт аз мушакхои берунии чашм, мушакхои мимики ва мушакхои хоидану фуру додани гизо огоз меёбад. Бинобар ин нишонаи аввалини бемори птоз, ахвали, дубини, ихтилоли жовидан, фуру бурдан ва нутк мебошанд. Бо мурури тараккии бемори заъфи мушакхои бадан ва дасту пой афзуда, бемор сахт хаста мегардад. Атрофияи мушакхо ахёнан ба мушохида мерасад. Дар вакти хомилаги, зодан, беморихои ирси, хастаги ва г. ихтилоли тахрики афзуда, мумкин аст боиси бехаракатии бемор ва халал ёфтани амалиёти хаётан мухими организм – фурудихи ва нафаскаши гарданд. Чараёни М. хусусан дар аснои якчоя бо омоси гадуди душоха падид омадани он вазнин аст.
М.-ро бо истифода аз дорухои гуногун – прозерин, калимин, оксазил, кортикостероидхо, иммунодепрессантхо ва г. муолича мекунанд. Баъзан ба тимэктомия (бурида дур сохтани гадуди душоха) даст мезананд.

Ш. Ф. Рачабалиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …