Главная / Илм / МЕЗАДЕНИТ

МЕЗАДЕНИТ

mezedenitМЕЗАДЕНИТ (Mesadenitis; лот. mes[enterium] – масориқа ва aden – ғадуд), илтиҳоби уқдаҳои лимфавии масориқаи рӯда. М. муқаррарӣ (оддӣ ва фасодӣ) ва силӣ, вобаста ба ҷараён бошад, шадид ва музмин мешавад. М.-и муқаррарии шадид бо дарди ногаҳонии қабзкунанда ё доимӣ дар гирди ноф ё росттар аз он оғоз меёбад; дард аз чанд соат то 2 – 3 рӯз давом карда, ҳарорати бадан баланд, набз тез мешавад, бемор ҳиккак мезанад, дилаш беҳузур гашта қай мекунад, ҳалқ ва рӯй сурх мегардад. Ҳангоми ламс кардан шикам ба дард медарояд. Дар сурати М.-и фасодӣ ҳолати бемор вазнин мешавад, заҳролудӣ ва лейкоситоз рух менамоянд. М.-и музмин бо дарди кӯтоҳмуддати пароканда ва исҳол ё қабзият падид меояд.
Аломатҳои болинии М.-и шадид бисёр вақт ба аппендитсит монанд мебошанд, бинобар ин бемороне, ки дар онҳо аз М. гумонбар шудаанд, бояд ҳатман дар шӯъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ гарданд. М.-и муқаррарии шадид бо дору ва усулҳои физиотерапия табобат карда мешавад. М.-и фасоддорро ҷарроҳӣ мекунанд (ҷавфи думбалро мекушоянд). Фарҷоми беморӣ, одатан, хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …