Главная / Илм / МАНИКЮР

МАНИКЮР

manikyurМАНИКЮР, нигоҳубини махсуси нохунҳои даст. Маникюрро баъди ҳар 7 – 10 рӯз ин тавр кардан мумкин аст: бо атсетон ё ҳалкунандаи махсус локи пештараро тоза намуда, нохунҳоро бо қайчӣ ё нохунгирак то ҳадди дилхоҳ кӯтоҳ мекунанд. Нохуни ангуштони ғафсу кӯтоҳро дарози байзашакл ва нохуни ангуштони борикро гирда кардан лозим аст. Нохунҳоро ҳамеша бояд ба як тараф суфта кард (он гоҳ нохун шикаста намерезад). Баъди суфта кардан, ба пӯсти гирди нохун крем молида, баъд онро бо белчаи кунд боло мекунанд. Бо мақсади нарм шудани пӯсти гирди нохун ангуштонро чанд дақиқа дар собунобаи гарм медоранд. Сипас ангуштонро хушконида, пӯсти нармгаштаро бо қайчии борики нӯгкаҷ мебуранд. Пӯсти қатори нохунҳоро бо амбӯрча гирифтан лозим (ҳангоми бурида хуншор кардани пӯст ҷои зарардидаро бо пахтаи дар маҳлули 3-фоизаи пероксиди гидроген тар карда тоза намуда, сипас йод мемоланд). Баъд нӯги ангуштонро нағз хушк карда, ба нохунҳо бо чӯткаи паҳн лок мемоланд. Тобистон ба пӯсти офтобхӯрда локи нисбатан равшан молидан мумкин аст. Агар нохунҳо дароз бошанд, буни онҳоро набояд лок кард. Ба нохуни паҳн локро борик молидан мувофиқи мақсад аст.
Нохунҳоро лок назада ҳам пардоз кардан мумкин аст. Бо ин мақсад ба як порча замша ё бумазӣ хокаи бӯр гирифта, бо он нохунҳоро то ҷило додан мемоланд; баъди шустани даст, нохунҳои сайқалдодаро бо замш ё бумази тоза кардан лоим аст. Нохунҳоро набояд тез-тез сайқал дод, зеро онҳо тунук ва зудшикан мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …