Главная / Илм / МАНИКЮР

МАНИКЮР

manikyurМАНИКЮР, нигохубини махсуси нохунхои даст. Маникюрро баъди хар 7 – 10 руз ин тавр кардан мумкин аст: бо атсетон ё халкунандаи махсус локи пештараро тоза намуда, нохунхоро бо кайчи ё нохунгирак то хадди дилхох кутох мекунанд. Нохуни ангуштони гафсу кутохро дарози байзашакл ва нохуни ангуштони борикро гирда кардан лозим аст. Нохунхоро хамеша бояд ба як тараф суфта кард (он гох нохун шикаста намерезад). Баъди суфта кардан, ба пусти гирди нохун крем молида, баъд онро бо белчаи кунд боло мекунанд. Бо максади нарм шудани пусти гирди нохун ангуштонро чанд дакика дар собунобаи гарм медоранд. Сипас ангуштонро хушконида, пусти нармгаштаро бо кайчии борики нугкач мебуранд. Пусти катори нохунхоро бо амбурча гирифтан лозим (хангоми бурида хуншор кардани пуст чои зарардидаро бо пахтаи дар махлули 3-фоизаи пероксиди гидроген тар карда тоза намуда, сипас йод мемоланд). Баъд нуги ангуштонро нагз хушк карда, ба нохунхо бо чуткаи пахн лок мемоланд. Тобистон ба пусти офтобхурда локи нисбатан равшан молидан мумкин аст. Агар нохунхо дароз бошанд, буни онхоро набояд лок кард. Ба нохуни пахн локро борик молидан мувофики максад аст.
Нохунхоро лок назада хам пардоз кардан мумкин аст. Бо ин максад ба як порча замша ё бумази хокаи бур гирифта, бо он нохунхоро то чило додан мемоланд; баъди шустани даст, нохунхои сайкалдодаро бо замш ё бумази тоза кардан лоим аст. Нохунхоро набояд тез-тез сайкал дод, зеро онхо тунук ва зудшикан мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …