Главная / Илм / МАНӣ

МАНӣ

maniМАНӣ (юн. sperma – тухм) сперма, моеъи сафедчатоби ғализ, ки мардон ва ҳайвоноти нарина ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мебароранд. Моеи часпаки ширешмонанд буда, бӯи махсус дорад. М. аз ғадуди ҷинсии нарина ҳосил мешавад ва дорои нутфа (сперматозоидҳо) буда, дар афзоиши ҷинсӣ иштирок мекунад. М. сафеда (аз он ҷумла ферментҳо, нуклеопротеидҳо), липид, ангиштоб, витамин, простогландин, намакҳои натрий, калий, калсий ва ғ. дорад. М. аз давраи балоғати ҷинсӣ ҳосил шуда, баъди 40-солагӣ коҳиш меёбад. Дар ҳолатҳои муқаррарӣ 1 мл М. аз 60 – 120 млн нутфа иборат аст. Илова бар ин, дар таркиби М. ҳуҷайраҳои махсус – сперматогонияҳо ва сперматидҳо мавҷуданд. Дар лаҳзаи инзол (эякулятсия) ба ҳисоби миёна аз 2 то 10 мл М. хориҷ мешавад. Ин миқдор М. барои бетаъсир гардондани туршии маҳбал, ки ба ҳаракати нутфа халал мерасонад, басанда аст. Кам ҳосил шудани М. мумкин аст боиси бенаслии мардон гардад. Ихтилоли ҳосил ва ихроҷ шудани М. ба сабзиши нокифояи хояҳо, изҳои дағали маҷрои М., ғадуди простата ва роҳи пешоб, ки баъди садама ва илтиҳоб боқӣ мондаанд, вобаста аст. Дар баъзе ҳолатҳои ноҷурии организм М. нутфа надорад (азооспермия, аспермия) ё миқдори нутфаи он кам мешавад (олигоспермия), нутфаҳои мавтшуда (некроспермия) ё ноқис (тератоспермия) дорад. М. – ро барои муайян кардани сабаби бенаслӣ, инчунин дар амалияи экспертизаи судии тиббӣ тадқиқ мекунанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …