Главная / Маданият ва санъат / Мактуб ба Раиси шаҳри Душанбе  (Намунаи нома)

Мактуб ба Раиси шаҳри Душанбе  (Намунаи нома)

Ба Раиси шаҳри Душанбе

муҳтарам Рустами Эмомалӣ 

 

Муҳтарам Раис, 

Пеш аз ҳама барои дар вазифаи навтаъиншудаатон муборакбодӣ гуфта хоҳони он ҳастем, ки муҳаббати ҳалқи кишвар ба Шумо зиёда гардад ва саломатии бардавом дошта бошед!

Мо истиқоматкунандагони бинои воқеъ дар шаҳри Душанбе кучаи Абуалии Сино, 54 навишта аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сари ҳалли як масъалаи лозима, кӯмаки худро расонед.

Чи хеле, ки медонед соли 2017-ро Пешвои миллат, Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин аз ҷониби кулли шаҳрвандони кишвар хуш пазируфта шудааст.

Қайд намуд, ки ҳамарӯза дар назди бинои 5-ошёнаи мо ҳамарӯза кӯдакон пас аз дарс дар берун ҷамъ шуда ба шӯғлҳои гуногуни бесамар вақти худро сарф менамоянд, ки ин на танҳо зарари маънавист балки бохти тани бардавом, сабабгор мешавад.

Ба ин хотир бо мақсади беҳтар намудани шароити рушди солими кудакон ва ҷавонони истиқоматкунандаи бинои зикршуда зарурияти сохтани майдони варзишӣ-майдони футболбозӣ хело бамаврид медонанд.

Ба ин хотир умедворем ҷиҳати нигаҳдории тандурустии миллату шаҳрвандони пойтахт ҷиҳати бунёди майдони варзишӣ – футболбозӣ мусоиат намоед.

Қаблан барои дастгириатон сипосгузорем!

 

Бо арзи эҳтироми бепоён,

Истиқоматкунандагон:

Телефон:  ________                                                аз:   ________________

Рустами Эмомали

Ба Раиси шаҳри Душанбе

муҳтарам Рустами Эмомалӣ 

 Муҳтарам Раис,

 Пеш аз ҳама барои дар вазифаи навтаъиншудаатон муборакбодӣ гуфта хоҳони он ҳастам, ки муҳаббати ҳалқи кишвар ба Шумо зиёда гардад ва саломатии бардавом дошта бошед!

Бо мактуби худ муроҷиат карда аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати ҳалли як масъалаи ташвишовараранда мусоидат намоед.

Мо истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кучаи Айнӣ, 32 мебошем. Дар назди бинои мо дарахти чандинсолаи нимколахушк вуҷуд дорад, ки он солҳои охир ба беморӣ печида пур аз ҳашароту зарраҳои хурди зараррасон дучор шуда ба истиқоматкунандагони бино зарар оварда истодааст. Ҳашароту ифлосии ин дарахти калонҷуса ба хонаҳоямон даромада ба мебелу либосу палос ва ғайра таъсири манфии худро мерасонанд.

Бар иловаи ин аз мобайни ин дарахт ноқили барқии баландшиддат мегузарад, ки дар ҳолати шамоли сахт ва ё дигар ҳолатҳои фавқулода метавонад дарахт шикаста ба  болои одамон-кудакон афтад ва бо ҷараёни барқӣ инчунин шоху кундаи вазнин, фалокати худро расонад.

Аз ин хотир аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои ноқили барқиро тибқи стандартҳои бехатарӣ ба бино гузаронидан ва дарахти пусидаистодаро аз байн бурдан ёрии амалӣ расонед.

Қаблан барои кумак сипосгузорем. 

 

Бо камоли эҳтиром                                                                  ____.2018

 

 

Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ

 

Пеш аз ҳама ба Шумо муҳтарам Раис, ба муносибати фарорасии Иди байналмилалии «Наврӯз», ки яке аз волотарин арзиши ниёгонии мардуми мост, таманниёти самимии худро баён намуда, дар фаъолиятатон муваффақиятҳои беназирро хоҳонем.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҶСП «Вавилон» ва ҶСП «Индиго» тасмим гирифтаанд, ки  дар моҳи март бо иштироки ситораҳои санъати мусиқии эстрадаи узбек ба муносибати иди байналмилалии «Наврӯз» чорабинии фарҳангӣ баргузор намоянд.

Ба ин васила, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба гузаронидани чорабинии зикршуда, дар рӯзҳои истироҳатии иди Наврӯзӣ дар Амфитеатри шаҳри Душанбе, розигӣ ва дастури худро диҳед.

 

Бо камоли эҳтиром,

 

Раис                                                                              М.Л. Зоҳидова

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …