Главная / Илм / ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗуХРАВи

ЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗуХРАВи

khlamidiyaЛИМФОГРАНУЛЕМАТОЗИ ЗуХРАВи, лимфогранулематози кадкашак, як навъ бемории зухрави, ки хламидияхо ба вучуд меоранд. Сироят асосан бо рохи алокаи чинси ба вукуъ мепайвандад. Давраи нихонии маризи 1 – 2 хафта аст. Хангоми маризи дар аъзои таносул обилачахо, эрозия, папулахо пайдо мешаванд. Онхо баъди чанд руз худ аз худ аз байн мераванд. Пас аз чанд хафта ё мох гуддахои лимфавии кадкашак ва коси хурд осеб меёбанд, сипурз калон мешавад; лейкоситоз рух менамояд. Минбаъд дар кадкашак инфилтрати калону дардманд пайдо мешавад, ки бо пуст сахт часпида аст. Дар чое, ки гуддахои лимфави фасод гирифтаанд, сурохихои носур ва зардоброхахо ба мушохида мерасанд. Онхо баъди чанд мох ё сол гушт гирифта, хадша мебанданд. Дар натича харакати лимфа халал меёбад, мумкин аст бемории доъулфил ба вучуд ояд. Осебхое, ки дар мавриди Л. з. дар рудаи рост ва макъад сар мезананд, боиси танг ва баста шудани руда мегарданд. Дар занхо бештар махбал ва аъзои чинсии беруни зарар мебинанд. Захму хадшахое, ки дар ин узвхо пайдо мешаванд, ба деформатсияи клитор ва лабхои калону хурди фарч мусоидат менамоянд (эстиомен).
Л. з. бо антибиотикхо муолича карда мешавад. Ниг. низ Беморихои зухрави.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …