Главная / Маданият ва санъат / Коркарди намию гармӣ

Коркарди намию гармӣ

Дарзмоли барқӣ тавассути унсури гармибахши дохилӣ пас аз васл кардани шабакаи барқ (резетка) тафсонида мешавад. Танзимҳои ҳароратсанҷ бо рақамҳои римии I, II, III, ё тақсимоти шёлк (абрешим), шерсть (пашм) лён (матои катони зағирин) ишора шудааст. Танзими ҳарорати дарзмол мувофиқи навъи матоъ истифода мешавад.

delat-utug

Дарзмол барои ҳамвор кардани либос, матои ғиҷим, дарзмоли дарз, гулдӯзӣ истифода мешавад. ҳангоми дарзмол кардани рӯймоли сарбанд ва пешдоман чунин қоидаҳоро риоя бояд кард:

1.Дарзмолро аз назар гузарондан лозим аст ки мабодо тагаш ифлос ё ягон ҷои безарараш канда нашуда бошад. Дарзмолро бо дасти тар не, балки бо дастони хушк васл ва қатъ кардан лозим аст.

Танзимаи ҳароратсанҷро мувофиқи матои дарзмолшаванда муқаррар кардан лозим аст. Ашёи дарзмолшаванда аз рост ба чап дарзмол мекунанд. Ашёи дарзмолкардаро дарҳол таҳ кардан мумкин нест. ҳангоми дарзмол кардан тахтаи махсус истифода мешавад.

Варианти 2. Технологияи коркарди пешдоман Дӯхтани қисмҳои пешдоман Технологияи коркарди пешдомани яклухтро ба назар гирифта мо якчанд пешдоманҳоро дӯхта метавонем.

Фарқияти дӯхтани пешдоманҳои амсилааш гуногун ба баъзе коркарду ҷузъҳои алоҳида фарқ мекунад. Бинобар ин технологияи коркарди пешдомани яклухтро ба эътибор гирифта мо метавонем пешдомани миёндор шударо дӯзем. Бо назардошти ҳамаи қоидаҳои дўхтани пешдомани яклухт.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

duo-003

Хосияти дуои «Укоша»

Хосияти дуои «Укоша» Ба воситаи ин дуо бандаи гунаҳгор аз тақсироти номаълуми хеш тоиб[1] мегардад. …