Главная / Илм / КОЛОБОМА

КОЛОБОМА

kolobamaКОЛОБОМА (Coloboma; юн. koloboma – кисми намерасида), нукси модарзоди, баъзан гайримодарзодии ин ё он сохтори чашм (канори пилк, гавхарак, рагпарда, шабакия, курси асаби босира, булурак).
К.-и модарзоди бисёр вакт дар инабия ба мушохида мерасад. Вай одатан дар зери гавхарак чой мегирад (баъзан хар ду чашм осеб меёбад). К.-и инабия метавонад пурра (аз канори гавхарак то канори инабия) ва чузъи бошад. Дар ин гуна холатхо босира, одатан, халал намеёбад. К.-и васеъи худи рагпарда ва К.-и курси асаби босира мумкин аст сабаби якбора суст гаштани тезии бинои ва хатто кури гардад.
К.-и гайримодарзоди дар натичаи осеб ё амалиёти чаррохи падид меояд. Мас., баъзан хангоми чаррохии глаукома инабияро кисман бурида дур мекунанд.
Беморони гирифтори К.-ро ба назди духтури офталмолог фиристодан лозим аст. Муолича ба тарзи чойгирии К. вобастаги дорад. Ниг. низ Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …